“Хуҷанд” дар Душанбе “Нефтчӣ”-ро мағлуб кард

Рӯзи 26-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе байни дастаҳои “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва “Нефтчӣ”-и Қирғизистон бозии ҷавобии даври плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2020 баргузор шуд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, вохӯрӣ бо ҳисоби калони 3 бар 0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфта, дастаи “Хуҷанд” ба даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 роҳхат гирифт. Гуфта мешавад ҳар […]

Рӯзи 26-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе байни дастаҳои “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва “Нефтчӣ”-и Қирғизистон бозии ҷавобии даври плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2020 баргузор шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, вохӯрӣ бо ҳисоби калони 3 бар 0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфта, дастаи “Хуҷанд” ба даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 роҳхат гирифт.

Гуфта мешавад ҳар се тӯбро ба дарвозаи ҳариф ҳамлагари дастаи Хуҷанд Дилшод Бозоров (дақиқаҳои 33, 107 ва 117-ум) ба ҳадаф расонид. Бозии аввалро дар Қирғизистон футболбозони тоҷик бо ҳисоби 0 бар 1 бохта буданд.

Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 “Хуҷанд” дар гурӯҳи “D”-и минтақаи Марказӣ ҳамроҳ бо тимҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон), “Олтин Асир” (Туркманистон) ва “Дордой” (Қирғизистон) бозӣ мекунад.

Дар вохӯрии даври якум дар гурӯҳи “D” дастаҳои Тоҷикистон бо ҳамдигар бозӣ мекунанд. Бозӣ байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” рӯзи 11-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегардад. Оғози бозӣ соати 18:00.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.