Сомон Маҳмадбеков баъди ду пирӯзӣ дар Токио шикаст хӯрд

Сомон Маҳмадбеков паҳлавони муъруфи риштаи ҷудои Тоҷикистон, ки дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 субҳи имрӯз дар вазни -73 кг ҳунарнамоӣ кард, баъди ду пирӯзӣ дар даври сеюм шикаст хӯрд. Сомон дар даври аввал бар намояндаии кишвари паноҳандаҳо Аҳмад Аликайро пирӯз шуд. Дар даври 1/16 финал Сомони ҷудокори кишвари Гамбия Файе Нжие мағлуб кард. Аммо дар даври 1/8 финал […]

Сомон Маҳмадбеков паҳлавони муъруфи риштаи ҷудои Тоҷикистон, ки дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 субҳи имрӯз дар вазни -73 кг ҳунарнамоӣ кард, баъди ду пирӯзӣ дар даври сеюм шикаст хӯрд.

Сомон дар даври аввал бар намояндаии кишвари паноҳандаҳо Аҳмад Аликайро пирӯз шуд. Дар даври 1/16 финал Сомони ҷудокори кишвари Гамбия Файе Нжие мағлуб кард.

Аммо дар даври 1/8 финал Сомон аз ноибқаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 ҷудокори маъруфи озарӣ, Рустам Оруҷов шикаст хӯрд.

Аз ин пештар, рӯзи 25-уми июл дар Олимпиадаи Токио ду муштзани тоҷик дар даври муқаддамотӣ рақобат карданд. Нахуст Баҳодур Усмонов дар вазни то 63 кило бо Леонел Сантоз Нунез аз Доминикана вориди сабқат шуд. Ин қувваозмоӣ бо пирӯзии Баҳодур бо ҳисоби 4:1 хотима ёфт. Муштзани тоҷик ба даври баъдӣ роҳ ёфт.

Сипас Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 81 кило бо Даксианг Чен аз Чин вориди рақобат шуд. Дар ин сабқат намояндаи Чин бо ҳисоби 4:0 ғолиб омад. Шаббос аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гашт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.