Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт

Дар шаҳри Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон ва яке аз фалаксароёни номвар, қомат афрохт. Нимпайкара дар саҳни Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим сохта шудааст. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дода навиштааст, ки маросими ифтитоҳи нимпайкара, 10-уми апрел баргузор шудааст. Тибқи маълумот дар маросими ифтитоҳи нимпайкара Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон ва яке аз фалаксароёни номвар, қомат афрохт. Нимпайкара дар саҳни Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим сохта шудааст.

Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дода навиштааст, ки маросими ифтитоҳи нимпайкара, 10-уми апрел баргузор шудааст.

Тибқи маълумот дар маросими ифтитоҳи нимпайкара Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги кишвар, Дилбар Одилзода, муовини шаҳрдори пойтахт, Раҳматулло Ҳошим, фарзанди Одина Ҳошим ва ҳаводорони ҳунарманд ширкат кардаанд.

Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим рӯзи 27-уми август ифтитоҳ гардид. Он қаблан номи Муҳиддин Аминзодаро дошт. Вале чанде қабл бо қарори раиси шаҳри Душанбе "Мактаби бачагонаи санъати ба номи Муҳиддин Аминзода" ба "Муассисаи давлатии мактаби бачагонаи санъати ба номи Одина Ҳошим" ивази ном кард.

Дар ин мактаб 500 нафар дар як баст ба таҳсил ва омӯзиши ҳунарҳои гуногун ҷалб гардидаанд. Ба хонандагон навозиши фортепиано, созҳои нафасӣ, миллӣ, зарбӣ ва ҳам овозхонӣ, санъати тасвирӣ, маҳорати театрӣ ва дигар ҳунарҳоро омӯзонида мешавад.

Дар ин мактаб осорхонаи Одина Ҳошим низ мавҷуд аст, ки дар он созҳои мусиқӣ, аксу мусаварраҳо ва дигар бахшҳои ҳаёти ҳунарманд ба намоиш гузошта шудаанд.

 

Одина Ҳошим, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон ва яке аз фалаксароёни номвар аст, ки 13-уми июни соли 1937 ба дунё омадааст. Мавсуф аз мардумитарин ҳофизоне буд, ки дар синни ҷавонӣ шуҳрат пайдо кард ва дар тамоми кишвар сурудҳояшро гӯш мекарданд.

Ӯ унвони Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистонро дошт ва барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар бахши адабиёт, ҳунар ва меъморӣ буд.

Одина Ҳошим мактаб ва сабки хосси сурудхонӣ дошт. Ба ашъори шоирони классики форсу тоҷик оҳанг мебаст ва ғазалиёт, қасоид ва достонҳои назмии шоиронро бо сабки ба худ хос месуруд. Матнҳои сурудаи ӯ вазни баланд ва мазмуни ирфониву инқилобӣ доштанд.

“Гулъизори ман куҷост?”, “Рафтӣ”, “Охир эй сарви хиромон, зи кадомин чаманастӣ?”, “Соқиё, бархезу дардеҳ ҷомро”, “Хиҷил аст сарви бӯстон бар қомати баландаш”, “Куҳандиёро”, “Ало, хамзада кокул”, “Ҷингилак мӯй дорӣ”, “Дилфиребам аз ғамат сабзинае”, “Хирмани гул”, “Моҳи ман”, “Хами зулф”, “Мадоро накунӣ” аз машҳуртарин сурудҳои ӯ мебошад.

Одина Ҳошим соли 1993 дунёро тарк кард ва дар қабристони Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супорида шудааст.

Дар бораи зиндагинома, эҷодиёт ва сарнавишти Одина Ҳошим дар матлаби мо бо номи “Раҳматулло Ҳошим: Сурудҳои ирфонии Одина Ҳошимро ба Ҳизби коммунисту Кумитаи амният мефиристоданд”, мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.