Аввалин корхонаи минтақаи саноатии Душанбе то ҷашни Наврӯз ба истифода дода мешавад

Охири ҳафтаи гузашта раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои бунёдии як қатор корхонаҳои истеҳсолии сохташаванда дар Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе шинос шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, Рустами Эмомалӣ нахуст аз ҶДММ "Ҳурия", ки самти фаъолияташ ба истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва яхмос пешбинӣ гардидааст, боздид кард. Гуфта мешавад, корхонаи мазкур дар […]

Аваз Юлдошев

Охири ҳафтаи гузашта раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои бунёдии як қатор корхонаҳои истеҳсолии сохташаванда дар Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе шинос шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, Рустами Эмомалӣ нахуст аз ҶДММ "Ҳурия", ки самти фаъолияташ ба истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва яхмос пешбинӣ гардидааст, боздид кард.

Гуфта мешавад, корхонаи мазкур дар доираи дастгириҳои давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ  Расул Мансуров бо харҷи 10 миллион сомонӣ ва дар масоҳати 0,34 гектар бунёд мегардад.

Дар ин корхонаи саноатӣ корҳои асосӣ, аз қабили бунёди бинои истеҳсолӣ ва воридоти таҷҳизот пурра ба итмом расида, феълан насби он бо ҷалби мутахассисон идома дорад. Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолии корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин  ворид шудааст.

Бо дастури раиси пойтахт корхона рӯзҳои ҷашни Наврӯзи имсола ба истифода дода мешавад.

Бино ба иттилои масъулин, дар ҶДММ "Ҳурия" ду хатти истеҳсолӣ мавҷуд буда, иқтидори онҳо дар як моҳ аз 5 то 10 тонна маҳсулоти нимтайёр ва яхмос аз мевагиҳо ва қаймоқ пешбинӣ шудааст.

Дар корхона зиёда аз 25 номгӯйи яхмос истеҳсол мешавад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхона 50 нафар сокинони шаҳри Душанбе, асосан занону бонувон бо ҷойи кору маоши мувофиқ таъмин мегарданд.

Ёдрас мекунем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 20-уми сентябри соли 2018 ба сохтмони нуҳ корхонаи нави саноатӣ ҳусни оғоз бахшид.

Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе дар масоҳати қариб 9 гектар, дар бурриши кӯчаҳои Садриддин Айнӣ ва Зебуниссои ноҳияи Шоҳмансур ҷойгир мебошад.

Дар минтақаи нави саноатии пойтахт корхонаҳои коркарди нахи пахта, истеҳсоли сарулибос, коркарди хушкмева, сохторҳои оҳанӣ, маҳсулоти электронӣ, нӯшокиҳои мевагӣ, яхмос, коркарди сангҳои ранга ва истеҳсоли маҳсулоти нонӣ сохта мешаванд.

Барои сохтмони минтақаи нави саноатӣ дар маҷмӯъ беш аз 150 млн сомонӣ масраф хоҳад шуд. Интизор меравад, ки дар ин минтақа ба сурати умум зиёда аз 3 ҳазор нафар шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ таъмин мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.