asiaplus.intiqol.tj – аввалин сервиси интиқоли пул бе комиссия аз «Азия-Плюс» ва «Алиф Бонк»

Asia-Plus

Мо аввалин шуда дар Тоҷикистон лоиҳаи муштараки инноватсионии сервиси интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон – https://asiaplus.intiqol.tj/-ро роҳандозӣ мекунем. Ин лоиҳаи бемисли шарикиест, ки фаврӣ амал карда, дар реҷаи 24/7 фаъолият мекунад.

Масъулияти иҷтимоӣ доштан дар навбати аввал, ба ғамхорӣ нисбати манфиатҳои ҷомеа ва одамони одӣ водор мекунад. Маҳз барои ҳамин “Азия-Плюс” ва “Алиф Бонк” бо пайгирӣ аз самти иҷтимоии худ сервиси www.asiaplus.intiqol.tj-ро фаъол мекунанд, ки ба манфиати муҳоҷирони кории тоҷик ва дигар ҳамватанони муқими Русия равона шудааст.

Имрӯз дар Русия беш аз 1 млн нафар тоҷикистониён кору зиндагӣ мекунанд. Интиқоли пул аз ҷониби онҳо ҳиссаи зиёди воридоти асъорро ба иқтисоди кишвари мо таъмин карда, барои рушди ҷамъият нақши назаррас дорад. Аз ин рӯ, таъмини одамон бо воситаи қулай ва муфид барои интиқоли маблағ ба ватан хеле муҳим аст.

“asiaplus.intiqol.tj –   тасмими бесобиқаи бонкист, ки ба тағйири пурраи тарзу усули анҷоми амалиёти интиқоли пул дар бозори молиявии Тоҷикистон равона шудааст. Сирри комёбии технологӣ дар он ифода меёбад, ки қулайу бароҳат ва дастрас будан барои мизоҷон дар бонки мо аз афзалияти муҳим шуморида мешавад. Ва мо бо камоли мамнуният дар бораи роҳандозии аввалин дар кишвар сервери бепули интиқоли маблағ – навгонии бисёрсоҳавӣ хабар медиҳем, ки дар ҳамдастӣ бо гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” таҳия шуд”, – мегӯяд раиси ҶСК “Алиф Бонк” Абдулло Қурбонов.

Ба гуфтаи директори генералии гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” Умед Бобохонов, наздики 35-40%-и хонандагони сомона ва шабакаҳои иҷтимоии расонаҳоро корбарон аз Русия ташкил медиҳанд, ки ҳар моҳ ба ҳудуди ним миллион шаҳрвандони мо рост меояд.

– Дар ҳамкорӣ бо “Алиф Бонк” – яке аз пешсафони бозори ватании fin-tech аз оғози амалисозии лоиҳа хушнудем. “Азия-Плюс” мудом ба ҳаёти муҳоҷирони корӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки барояшон маълумоти муфиди зарурӣ пешниҳод намояд, то ки ба беҳтар шудани зиндагиашон дар мулки бегона ва ҳалли мушкилоти онҳо мусоидат кунад. Яке аз чунин иқдомҳои мо – лоиҳаи муштарак бо “Алиф Бонк” аст.

Ба фикрам, ин намунаи хуби ҳамкории муфид аст, зеро “Алиф Бонк” тасмими қулайи инноватсионии интиқоли пул дошта, “Азия-Плюс” шумори хеле зиёди корбароне дорад, ки ин қарор барои онҳо ҳаётан зарур аст.

Мутмаинам, ки ҳамкории мо пурсамар сурат гирифта, ба дастгирии муҳоҷирон ва рушди иқтисоди миллӣ саҳми босазо мегузорад, – қайд кард ӯ.

Сервис аз кадом лиҳоз муфид аст?

Сервиси www.asiaplus.intiqol.tj ба интиқоли фаврӣ аз ҳама гуна корти бонкии Русия (Visa/MasterCard/МИР) ба Тоҷикистон ба ҳама гуна кортҳои “Корти миллӣ” ва ҳамёнҳои alif.mobi-и натанҳо “Алиф Бонк”, балки дигар ташкилотҳои қарзии кишвар имкон медиҳад.

Маблағ дар муддати якчанд сония ва бе ягон комиссия ба корт гузаронида мешавад. Маблағи интиқол ва 30 то 50 ҳазор рублро ташкил дода метавонад. Рӯзона маҳдудият нест.

Бартарии асасии ин портал кор тариқи онлайн дар реҷаи 24/7 аст. Лекин асосиаш дар он аст, ки барои интиқоли пул ба шуъбаи бонкӣ рафтану гузаштани маблағро интизор шудан лозим нест. Кофист, ки ба сомонаи www.asiaplus.intiqol.tj дохил шуда, якчанд тугма ё аломатҳоро пахш намоед. Дигар тамом! Маблағ дарҳол ба суратҳисоби гиранда дар Тоҷикистон мегузарад.

Бисанҷед, албатта писандатон хоҳад омад!

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...