Қурби расмии доллар дар Тоҷикистон то 11,3 сомонӣ боло рафт

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаинаи қурби расмии доллари ИМА-ро амалӣ намуда, қурби расмиро барои 1 доллари ИМА аз 10,30 сомонӣ баробар ба 11,30 сомонӣ муайян кард. Дар бонки миллӣ инро коҳиш додани фишорҳои қурбӣ, таъсири хавфҳои асъории ҷойдошта ва таъмини риояи меъёри фарқияти то ба 2 фоизаи байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши […]

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаинаи қурби расмии доллари ИМА-ро амалӣ намуда, қурби расмиро барои 1 доллари ИМА аз 10,30 сомонӣ баробар ба 11,30 сомонӣ муайян кард.

Дар бонки миллӣ инро коҳиш додани фишорҳои қурбӣ, таъсири хавфҳои асъории ҷойдошта ва таъмини риояи меъёри фарқияти то ба 2 фоизаи байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА ва аз байн бурдани фарқият дар бозори ғайрибонкӣ маънидод мекунанд.

Дар шарҳи БМТ доир ба ин масъала қайд мешавад, ки дар моҳҳои январ-октябри соли 2020 қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 6,7 фоиз (аз 9,6910 сомонӣ дар аввали сол то 10,3398 сомонӣ дар санаи 30 октябр) коҳиш ёфта, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 3,9 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Гуфта мешавад, яке аз сабабҳои асосии дар ин давра баланд шудани қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар Тоҷикистон ва зиёд шудани талабот ба он, ин идома ёфтани тавозуни манфии савдои кишвар, коҳишёбии вуруди интиқолҳои пулӣ ва сармояи хориҷӣ ба кишвар ва вобаста ба ин кам шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ ба ҳисоб меравад.

Дар натиҷа, таъкид мешавад дар маълумот, фарқияти байни қурби расмии БМТ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА тавассути анҷомдиҳии амалиётҳои хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар бозори ғайрибонкӣ аз меъёри муқарраршуда (2 фоиза) гузашта то ба 9,3 фоиз зиёд гардид.

Дар Бонки миллӣ бар ин назаранд, ки тасҳеҳи мазкур имкон медиҳад, ки воридот ва интиқоли маблағҳо тавассути низоми бонкии кишвар бештар гардида, манфиати интиқолдиҳандагони маблағҳо аз хориҷи кишвар ҳимоя гарданд, шаффофияти амалиётҳо бо мизоҷон таъмин карда шавад ва фаъолияти ҳаннотон дар бозорҳои ғайрибонкии нақдӣ маҳдуд гардад.

Таъкид мешавад, ки ҳамзамон, мутавозинии қурби пули миллӣ ба беҳтар намудани рақобатпазирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, ба зиёд шудани ҳаҷми содирот ва воридоти маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум мусоидат намуда, боиси афзудани даромади буҷети давлатӣ мегардад.

Қобили зикр аст, ки мубодилаи асъор дар Тоҷикистон танҳо дар бонкҳо амалӣ карда мешавад. Барои баргузории амалиёти ғайрибонкӣ бо доллар ҷазо муқаррар шудааст: то маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 9 сол бо мусодираи молу амвол.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.