Озарбойҷон ва Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ ба мувофиқа расиданд

Дар доираи сафари Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Озарбойҷон ду кишвар барои татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ ҷиҳати тавсеаи равобити тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ба мувофиқа расиданд. Завқӣ Завқзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Микоил Оғлу Ҷабборов, вазири иқтисоди Озарбойҷон мулоқот намуд. Ин вохӯри рӯзи 22-уми ноябр соли ҷорӣ дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон […]

Дар доираи сафари Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Озарбойҷон ду кишвар барои татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ ҷиҳати тавсеаи равобити тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ба мувофиқа расиданд.

Завқӣ Завқзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Микоил Оғлу Ҷабборов, вазири иқтисоди Озарбойҷон мулоқот намуд.

Ин вохӯри рӯзи 22-уми ноябр соли ҷорӣ дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳошияи Саммити барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо барои лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузорӣ дар соҳаи кооператсияи саноатӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои ба кор андохтани корхонаи коркарди нафти МОИ “Данғара”, бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ (НБО) дар Тоҷикистон, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик”, ташкили кластерҳои агросаноатӣ, содироти алюминийи аввалия, криолит ва фториди алюминий аз Тоҷикистон ба Озарбойҷон, воридоти гилхок аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти корхонаи ТАЛКО ва пешниҳоди тахфифҳо дар ҳамлу нақли роҳи оҳан тавофуқ карданд.

Бо ин мақсад Гурӯҳи кории доимоамалкунандаи дуҷониба таъсис дода шуд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои дар боло қайдгардида ҳамкорӣ менамояд.

Таъкид гардид, ки пас аз сафари давлатии Илҳом Алиев, Президенти Озарбойҷон ба Тоҷикистон дар моҳи апрели соли  ҷорӣ, гардиши савдои хориҷии ду кишвар дар 10 моҳи соли ҷорӣ 1,5 баробар зиёд гардид, ки ҳаҷми ин нишондод аз нишондоди тамоми соли гузашта баланд мебошад.

Бояд гуфт, ки  бино ба иттилои оҷонсии омори Тоҷикистон, табодули маҳсулот миёни ду кишвар дар 10 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7 миллион долларро ташкил додааст, ки ба 0,1 дарсади ҳаҷми умумии гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аст. Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Озарбойҷон дар ин муддат 538,3 ҳазор доллар ва воридоти маҳсулотҳои Озарбойҷон ба Тоҷикистон каме бештар аз 6,4 миллион долларро ташкил додааст.

Хотиррасон мешавем, СПЕКА соли 1998 таъсис ёфта, кишварҳои иштирокчии он Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Афғонистон мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.