Самарқанд: Дидору гуфтушунидҳои Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтоҳои худ

Дирӯз, 13 апрел, дар Самарқанд дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ вохурии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мурат Нуртлеу баргузор шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад. Гуфта мешавад, зимни мулоқот вазирон масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистонро бо таваҷҷӯҳ ба раванди омодагӣ ба сафари […]

Дирӯз, 13 апрел, дар Самарқанд дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ вохурии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мурат Нуртлеу баргузор шуд.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот вазирон масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистонро бо таваҷҷӯҳ ба раванди омодагӣ ба сафари давлатии Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон, ки дар даҳаи  аввали моҳи майи соли 2023 пешбинӣ шудааст, баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон, 13 апрел, Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Беларус Сергей Алейник дидору гуфтушунид кард.

Вазирон масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо ва рафти иҷрои тавофуқоти дар натиҷаи сафари расмии Президенти Беларус ба Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2022 ҳосилшударо муҳокима карданд.

"Ҷонибҳо аҳамияти рушди пайвастаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Беларусро дар заминаи усулҳои шарикии стратегӣ таъкид намуданд", – зикр мешавад дар хабар.

Аз натиҷаи мулоқот Нақшаи машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Беларус барои солҳои 2023-2024 ба имзо расидааст.

Ҳамчунин дар ҳошияи ин нишаст Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Покистон Ҳина Раббонӣ Кхар мулоқот кард.

Дар ҷарёни мулоқот маҷмуи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои ду кишвар ва масъалаҳои алоҳидаи рузномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасии тарафайн қарор доштанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.