Таъсиси комиссияи афви назди президенти Тоҷикистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси комиссия оид ба масоили авф дар назди Президенти кишвар фармон ба имзо расонид, ки мақомоти доимо амалкунанда хоҳад буд. Ин фармон ҳанӯз 7 июн ба имзо расида матни он дар сомонаи Вазорати адлияи ҷумҳурӣ интишор шудааст. Фармон аз 1 сентябри соли 2017 мавриди амал қарор мегирад. Тибқи муқаррароти […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси комиссия оид ба масоили авф дар назди Президенти кишвар фармон ба имзо расонид, ки мақомоти доимо амалкунанда хоҳад буд. Ин фармон ҳанӯз 7 июн ба имзо расида матни он дар сомонаи Вазорати адлияи ҷумҳурӣ интишор шудааст. Фармон аз 1 сентябри соли 2017 мавриди амал қарор мегирад.

Тибқи муқаррароти таъсиси комиссияи авф, он мақомоти машваратӣ ва тавсиядиҳанда буда, амалисозии салоҳиятҳои конститутсионии Президенти Тоҷикистон оид ба ҳалли масоили авфро таъмин менамояд.

“Масъалаҳои авфи маҳкумшудагонро аз ҷониби судҳои Тоҷикистон, ҳамчунин судҳои дигар кишварҳо, ки дар Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд, Президенти Тоҷикистон бар асоси пешниҳоди комиссия ҳал мекунад. Президент метавонад масъалаи авфро бевосита низ ҳал намояд”, – қайд мешавад дар замима ба фармон.

Комиссия вазифадор аст, ки дархост оид ба масъалаҳои авфро пешакӣ баррасӣ намуда, дар мавриди он ба Президент пешниҳоду тавсия ироа кунад.

Минбаъд ҳар кадоме аз маҳкумшудагон сарфи назар аз вазнинии ҷинояти содиршуда ва муҳлати таъингардида, ҳуқуқ дорад, ки дар як сол як маротиба ба номи президент дархост барои авфро пешниҳод созад. Дархост тавассути маъмурияти муассисаи ислоҳӣ бо замимаи маълумотнома дар бораи рафтори ӯ, вазъи солимӣ ва вазъи оилавӣ ирсол мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.