Кумаки фурӯшгоҳи иҷтимоӣ ба мардум дар Самарқанд

Дар шаҳри Самарқанд нахустин фурӯшгоҳи иҷтимоӣ боз шуд, ки дар он эҳтиёҷмандон барои худ ё аҳли оилаву фарзандонашон бепул сарулибос дастрас карда метавонанд. Онро сокинони маҳаллӣ Алексей Березовский ва Хайрулло Мамасолиев боз намуданд. Мағоза дар кӯчаи Гагарин, наздикии мактаби №7 воқеъ буда, ба туфайли хабару навиштаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва телеграм-каналҳо, дар фурсати хеле кӯтоҳ […]

Шуҳрат Шокирҷонов, махсус барои Asia-Plus

Дар шаҳри Самарқанд нахустин фурӯшгоҳи иҷтимоӣ боз шуд, ки дар он эҳтиёҷмандон барои худ ё аҳли оилаву фарзандонашон бепул сарулибос дастрас карда метавонанд. Онро сокинони маҳаллӣ Алексей Березовский ва Хайрулло Мамасолиев боз намуданд.

Мағоза дар кӯчаи Гагарин, наздикии мактаби №7 воқеъ буда, ба туфайли хабару навиштаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва телеграм-каналҳо, дар фурсати хеле кӯтоҳ ба макони маълум барои сокинон табдил ёфт.

“Ҳар рӯз ба ҳисоби миёна то 20 нафар ба мо сарулибос ва дигар чизҳо меоранд ва ҳамин шумор одамон аз ин ҷо чизҳо мегиранд. Дар бораи фурӯшгоҳи мо аллакай берун аз вилоят огаҳӣ пайдо кардаанд. Ҳатто аз шаҳри Тошканд низ ба мо чизҳо мефиристанд”, – мегӯяд ихтиёрӣ Хайрулло Мамасолиев.

Хабар дар чаҳорчӯби лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) таҳия гардида, гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Шарики лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) КВД “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) мебошад. ТАЛКО корхонаи бузурги саноатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар сафҳои аввали истеҳсолкунандагони алюминий дар саросари ҷаҳон қарор дорад. Имрӯз саҳми ширкат дар чунин бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон, ба мисли саноати кӯҳкорӣ ва кимиё низ назаррас аст. Ҳамчунин ТАЛКО рушди яке аз самтҳои нав дар иқтисоди Тоҷикистон – энергетикӣ-металлургиро низ ҳадаф қарор додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.