Зинаи 132-юми Тоҷикистон аз рӯйи суръати интернети мобилӣ

Дар раддабандии навшудаи Speedtest Global Index Тоҷикистон аз зинаи охирин ба ҷойи 132-юм боло рафт. Портали хизматгузории интернетии Speedtest.net-и ширкати ирландии Ookla рейтинги навбатиро оид ба суръати интернети мобилӣ ва ноқилӣ дар ҷаҳон барои моҳи октябри соли 2019 нашр кард. Тоҷикистон дар ин раддабандӣ зинаи 132-юмро дар байни 141 кишвар ишғол мекунад. Аз рӯйи суръати интернети ноқилӣ низ […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Дар раддабандии навшудаи Speedtest Global Index Тоҷикистон аз зинаи охирин ба ҷойи 132-юм боло рафт.

Портали хизматгузории интернетии Speedtest.net-и ширкати ирландии Ookla рейтинги навбатиро оид ба суръати интернети мобилӣ ва ноқилӣ дар ҷаҳон барои моҳи октябри соли 2019 нашр кард.

Тоҷикистон дар ин раддабандӣ зинаи 132-юмро дар байни 141 кишвар ишғол мекунад.

Аз рӯйи суръати интернети ноқилӣ низ Тоҷикистон се зина боло рафта, миёни 176 давлати дунё мақоми 108-умро касб кардааст.

Қаблан аз лиҳози суръати интернети мобилӣ муаллифон Тоҷикистонро дар зинаи 137-уми охирин пас аз Афғонистон ҷой дода буданд.

Миёни кишварҳои ИДМ аз рӯйи суръати интернети мобилӣ Қазоқистон зинаи 99-ум, Русия – 91, Қирғизистон – 106 ва Ӯзбекистон – мақоми 136-умро касб кардаанд.

Тибқи маълумоти гузориши моҳи январи агентиҳои маркетингии We Are Social ва Hootsuite дар бораи фазои глобалии рақамӣ, 33% аҳолии Тоҷикистон ба интернет дастрасӣ доранд. Дар Осиёи Марказӣ танҳо нишондиҳандаи Туркманистон (18%) аз ин пасттар аст. Дар ҳамин ҳол, мувофиқи маълумоти пажӯҳиши Internet Live Stats, шумори корбарони интернет дар Тоҷикистон аз ин ҳам камтар – ҳамагӣ 19%-и аҳолиро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.