Президент аз гиряи писарча зимни ифтитоҳи мактаб мутаассир шуд

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15-уми январ дар маросими ба истифода додани мактаби №65 дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт иштирок кард. Дар ҷараёни он сарвари давлат бо хонандагоне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байнулмилалӣ ҷоизаҳо ба даст овардаанд, суҳбат кард. Сарвари давлат аз писараки 10-сола Бенямини Илҳом, ки яке аз ҷоизадорони озмуни адабии ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” […]

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15-уми январ дар маросими ба истифода додани мактаби №65 дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт иштирок кард. Дар ҷараёни он сарвари давлат бо хонандагоне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байнулмилалӣ ҷоизаҳо ба даст овардаанд, суҳбат кард.

Сарвари давлат аз писараки 10-сола Бенямини Илҳом, ки яке аз ҷоизадорони озмуни адабии ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” мебошад, пурсид:

“Падару модарат чӣ кор мекунанд?”

Бенямин посух дод, ки модараш хонашину падараш сарҳадбон аст.

Сарвари давлат ҳамчунин аз ӯ пурсид:  “Оянда кӣ шудан мехоҳӣ?” 

Писарча дар ҷавоб гуфт: “Духтур” ва ногаҳон гиря кард.

“Чаро гирия мекунӣ, кӣ дар хонаатон бемор аст?”, – пурсид аз хонанда Эмомалӣ Раҳмон. Бенямин ҷавоб дод, ки худаш бемор буда, духтурон гуфтаанд, ки муолиҷаи бемориаш дар хориҷи кишвар имкон дорад.

Дар ин робита Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки ин кӯдакро бепул табобат карда, оид ба иҷрои ин супориш ҳисобот диҳанд.

Суратгузориш аз мактаби наве, ки дар маросими ифтитоҳи он президент ҳузур дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.