Ба довталабони курсии вакилӣ дар кадом ҷойҳо манъ будани ташвиқотро шарҳ доданд

Дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон, ки имрӯз, 16-уми январ таҳти роҳбарии раиси он Бахтиёр Худоёрзода доир гардид, дастур дар бораи баргузории маъракаи ташвиқотии пеш аз интихоботи номзадҳо ба вакилӣ дар интихоботи парлумонии рӯзи 1-уми март тасдиқ шуд. Дар ин дастур баргузории ташвиқот дар қаламрави кӯдакистон, масҷид, калисо ва каниса, ҳамчунин овехтани […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон, ки имрӯз, 16-уми январ таҳти роҳбарии раиси он Бахтиёр Худоёрзода доир гардид, дастур дар бораи баргузории маъракаи ташвиқотии пеш аз интихоботи номзадҳо ба вакилӣ дар интихоботи парлумонии рӯзи 1-уми март тасдиқ шуд.

Дар ин дастур баргузории ташвиқот дар қаламрави кӯдакистон, масҷид, калисо ва каниса, ҳамчунин овехтани лавҳаҳои таблиғотӣ дар деворҳои иншооти мазкур манъ мешавад.

КМИР Тоҷикистон инчунин овехтани лавҳа ва шиорҳои таблиғотии пеш аз интихоботиро дар муҷассамаҳо ва иншооти мероси таърихиву фарҳангӣ манъ кард.

Қобили зикр аст, ки имрӯз КМИР Тоҷикистон бақайдгирии расмии номзадҳои пешбаришударо ба вакилии палатаи поёнии парлумони кишвар оғоз мекунад.

Маъракаи ташвиқоти пеш аз интихоботии номзадҳо ба вакилии парлумон рӯзи 9-уми феврал оғоз гардида, 28-уми феврал ба итмом мерасад. Санаи 29-уми феврал дар кишвар ба истилоҳ “Рӯзи хомӯшӣ” эълон мешавд.

Мувофиқи қарори КМИР Тоҷикистон, лавҳаҳои рангаи ташвиқотии аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонӣ набояд аз ҳаҷми варақи форматаш А2 зиёд бошад. Плакатҳо (лавҳаҳо)-и ташвиқотии номзадҳо ба вакилии палатаи поёнии парлумон дар ҳаҷми варақаи А3 муқаррар шудааст.

Дар плакати ташвиқотии рўйхати номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ фишурдаи барномаи пешазинтихоботии ҳизби сиёсӣ ва расми ҳар номзади пешбаришуда мутобиқи рӯйхат дар ҳаҷми 6х9 бо зикри насаб, ном ва номи падар, сол ва ҷойи таваллуд, мансаб (шуғл), ҷойи кор ва истиқомат дарҷ карда мешавад.

Ҳамзамон дар Плакати ташвиқотии ҳар як номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи якмандатии интихобот тарҷумаи ҳол, расми ҳаҷмаш 9х12 ва барномаи пешазинтихоботии ӯ инъикос мешавад.

Қаблан КМИР Тоҷикистон муқаррар кард, ки барои истифодаи телевизион ва радиои давлатӣ ба ҳар кадоме аз ҳизбҳои сиёсии кишвар то 40 дақиқа ва ба ҳар як номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз ҳавзаи якмандатии интихобот то 20 дақиқа ройгон вақти эфирӣ ҷудо карда мешавад.

Ғайр аз ин, барои ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз ҳавзаи якмандатии интихобот дар матбуоти давлатии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чопи ройгони маводи ташвиқотӣ дар ҳаҷми то 8 саҳифаи дуинтервалии компютерӣ, шрифти 14 муқаррар карда шуд. Дар дигар ҳолатҳои истифодаи васоити хабори умум низ ҳамин гуна тартибот амал мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.