Соли 2019 қариб 1 млн. шаҳрванди хориҷӣ аз Суғд боздид карданд

Соли гузашта наздики 1 млн нафар шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсади саёҳату тиҷорат ва меҳмонӣ аз вилояти Суғд боздид карданд. Тибқи иттилои маркази матбуоти раиси вилояти Суғд, соли 2019 беш аз 914 ҳазор нафар ба вилоят ворид шуданд, ки назар ба соли як соли қабл 7,4% бештар аст. Манбаъ меафзояд, ки мақомоти вилояти Суғд дар доираи […]

Соли гузашта наздики 1 млн нафар шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсади саёҳату тиҷорат ва меҳмонӣ аз вилояти Суғд боздид карданд.

Тибқи иттилои маркази матбуоти раиси вилояти Суғд, соли 2019 беш аз 914 ҳазор нафар ба вилоят ворид шуданд, ки назар ба соли як соли қабл 7,4% бештар аст.

Манбаъ меафзояд, ки мақомоти вилояти Суғд дар доираи нақшаи чорабиниҳои “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” барои ҷалби гардишгарон ба минтақаҳои туристии вилоят тадбирҳои зарурӣ ба роҳ мемонад.

Соли гузашта дар вилояти Суғд 10 ширкати нави сайёҳӣ таъсис ёфта, акнун шумораи онҳо ба 40 адад расидааст.

Дар минтақаи шимоли Тоҷикистон 86 меҳмонхонаву осоишгоҳ, 46 осорхона ва 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.