ВКД: Аз таркиши норинҷак дар Душанбе танҳо як кас ҳалок шуд, ки маст буд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон маълумоти гӯё аз таркиши норинҷак дар дасти сокини Душанбе осеб дидани боз 2 нафари дигарро рад кард. Аз таркиши норинҷаки дастӣ рӯзи 14-уми январ Иван Мезентсеви 33-сола ҳалок шуд. Сокинони Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳанд, ки бар асари таркиш боз 2 нафар роҳгузарон осеб диданд. Аммо Нусратулло Маҳмадзода, котиби матбуоти […]

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон маълумоти гӯё аз таркиши норинҷак дар дасти сокини Душанбе осеб дидани боз 2 нафари дигарро рад кард.

Аз таркиши норинҷаки дастӣ рӯзи 14-уми январ Иван Мезентсеви 33-сола ҳалок шуд. Сокинони Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳанд, ки бар асари таркиш боз 2 нафар роҳгузарон осеб диданд.

Аммо Нусратулло Маҳмадзода, котиби матбуоти ВКД Тоҷикистон ин маълумотро рад мекунад.

“Ин танҳо овоза аст, – изҳор дошт ӯ. – Ба ғайр аз Иван Мезентсев, аз таркиш дигар касе осеб надидааст. Таркиш бо сабаби муносибати хунукназарона аз ҷониби ҳалокшуда, ки он замон дар ҳолати мастӣ қарор дошт, рух дод. Ҳангоми таркиш ҳеҷ кас дар наздаш набуд. Айни замон оид ба ин ҳодиса тафтиш ҷараён дошта, аз натиҷаҳояш иловатан хабар медиҳем”.

Ба гуфтаи ӯ, “муайян карда шуд, ки норинҷаки РГД-5-ро Мезентсеви 33-сола дар хонааш бо суроғаи хиёбони Рӯдакӣ 176, ҳуҷраи 5 ғайриқонунӣ нигоҳ медоштааст. Бо сабабҳои номаълум ӯ дар ҳолати мастӣ норинҷакро бо худ мегирад”.

Бино ба маълумоти ВКД, вақти дар даромадгоҳи бинои хона қарор доштан нориҷак дар дасти мард таркидааст. Аз ҷароҳатҳои бардошта Иван Мезентсев дар бемористон ба ҳалокат расид.

Дар бораи ин ҳодиса дар маркази пойтахт сокинони шаҳр зиёд баҳсу мунозира мекунанд. Аксарият савол медиҳанд, ки ҳалокшуда кӣ буду чӣ гуна норинҷак пайдо кардааст ва бо он минбаъд куҷо рафтаниву чӣ кор карданӣ буд?

Алҳол ба ин суолҳо посухе дастрас набуда, ҳатто пештар ба чӣ кор машғул будани Иван Мезентсеви ҳалокшуда маълум нест.

Дар ҳамин ҳол, Муҳайё Самадова дар саҳифаи Facebook навиштааст, ки бо оилаи марди ҳалокшуда шинос аст:

“Ман ин оиларо медонам. Онҳо ҳамсояи мананд. Вақте Иван хурд буд, модараш онҳоро партофта рафт. Бибии марҳуми ӯ тамоми умр дар дар шуъбаи рентгени бемористон (Медгородок) кор мекард. Падараш бисёр вақт шароб нӯшида, ҷанҷол мекард, аммо писарашро дӯст медошт. Бибиаш соли гузашта худро аз ошёнаи дуюм ба замин партофта, ҳалок шуд. Афсӯс, ки одамон бо ин тарз ба ҳаёташон хотима мебахшанд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.