Писарчаи президентро мутаассиркарда ба ӯ достони “Қишлоқи тиллоӣ”-и Миршакарро азёд гуфт

Хонандаи 10-сола Бенямини Илҳом, ки зимни суҳбат раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро мутаассир кард, пеш аз нақли беморияш, ба сарвари давлат порчае аз достони “Қишлоқи тиллоӣ”-и Мирсаид Миршакарро азёд гуфт. Ин достон дар бораи он ҳикоят мекунад, ки дар кӯҳҳои Помир як шахси камбағал қиссаеро дар бораи “Қишлоқи тиллоӣ” шунида, тариқи кӯҳу дашту биёбон ба ҷустуҷӯйи он […]

Хонандаи 10-сола Бенямини Илҳом, ки зимни суҳбат раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро мутаассир кард, пеш аз нақли беморияш, ба сарвари давлат порчае аз достони “Қишлоқи тиллоӣ”-и Мирсаид Миршакарро азёд гуфт.

Ин достон дар бораи он ҳикоят мекунад, ки дар кӯҳҳои Помир як шахси камбағал қиссаеро дар бораи “Қишлоқи тиллоӣ” шунида, тариқи кӯҳу дашту биёбон ба ҷустуҷӯйи он меравад.

Аммо дар ниҳояти кор аз оворагардӣ хаста ва ин қишлоқи тиллоиро, ки “дар он ҳама ҷо тозаву ҳама баробаранд…. ҳама солиму хушбахтанд” пайдо намекунад ва ба хонааш бармегардад.

https://www.youtube.com/watch?v=A3BVVfXavkc

Қаблан хабар дода будем, ки зимни ифтитоҳи мактаби нав дар пойтахт Эмомалӣ Раҳмон бо писарчаи 10-сола Бенямин Илҳом, яке аз ҷоизадорони озмуни адабии ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” суҳбат кард.

Писарча ба сарвари давлат изҳор дошт, ки бемор буда, ба табобат дар хориҷи кишвар ниёз дорад. Раисҷумҳур дастур дод, ки ташхис ва табобати писарча зери назорат гирифта шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.