Ҳуқуқи ба аскарӣ бурдани донишҷӯёнро надоранд. Ҳатто касонеро, ки дар хориҷа таҳсил мекунанд

Бо сабаби хуруҷи коронавирус бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, дубора ба таҳсил рафта наметавонанд. Дар ҳамин ҳол, фаҳмидан мехоҳанд, ки оё онҳоро ба хизмати ҳарбӣ даъват карда метавонанд? “Ман донишҷӯйи соли ҷоруми яке аз мактабҳои олии Чин мебошам. Бо сабаби хуруҷи коронавирус барои идомаи таҳсил аз Тоҷикистон ба Чин рафта наметавонам. […]

Бо сабаби хуруҷи коронавирус бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, дубора ба таҳсил рафта наметавонанд. Дар ҳамин ҳол, фаҳмидан мехоҳанд, ки оё онҳоро ба хизмати ҳарбӣ даъват карда метавонанд?

“Ман донишҷӯйи соли ҷоруми яке аз мактабҳои олии Чин мебошам. Бо сабаби хуруҷи коронавирус барои идомаи таҳсил аз Тоҷикистон ба Чин рафта наметавонам. Оё дар Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки маро ба хизмати ҳарбӣ даъват кунанд?”

“Писари ман дар Чехия таҳсил дошта, ҳозир дар Тоҷикистон аст. Дар бораи таҳсил ҳамаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дорад. Ӯро ба аскарӣ даъват карда метавонанд?”

Бисёре аз донишҷӯён ва волидони онҳо бо чунин суол ба “Азия-Плюс” муроҷиат карданд.

Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар мавриди ин масъала изҳор доштанд, ки давоми таҳсил ба донишҷӯён аз хизмат дар артиш таъхири муваққатӣ дода мешавад.

“Бар асари хуруҷи коронавирус қариб дар ҳамаи мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ таътили муваққатӣ эълон шудааст. Вақте ки пандемия ба охир мерасад, онҳо ба таҳсил идома дода метавонанд. Дар давоми таҳсил хизмати донишҷӯён, аз ҷумла, шаҳрвандони Тоҷикистон низ муваққатан ба таъхир гузошта мешавад. Аз ин рӯ, онҳо аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озоданд”, – гуфт котиби матбуотии Вазорати мудофаи ҶТ Ориф Нозимиён.

Дар навбати худ, сухангӯйи Вазорати маориф ва илми ҶТ ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки ҷойи таҳсил дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ ва ҷойҳо дар хобгоҳҳои донишҷӯёни тоҷик дар ихтиёри онҳо боқӣ монда, бо хоҳиши худ метавонанд таҳсилро дар ватан идома диҳанд.

Мутобиқи моддаи 21, банди “В”-и қонуни ҶТ “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, ба онҳое, ки бори аввал дар шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимии маълумоти олии касбӣ таҳсил мекунанд, муҳлати даъваташон ба хизмати ҳарбӣ дар давраи таҳсил ба таъхир андохта мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.