Пагоҳ ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои Душанбе маҳдуд мешавад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пагоҳ, 29 сентябр ҳамроҳи раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар маросими мавриди баҳрабарорӣ қарор додани як қатор иншооти таъиноти иҷтимоӣ дар Душанбе иштирок н. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод. Нимаи аввали рӯз дар пойтахт бо иштироки президент ва раиси пойтахт дар мавзеи гардишгоҳи фурудгоҳ мавриди […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пагоҳ, 29 сентябр ҳамроҳи раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар маросими мавриди баҳрабарорӣ қарор додани як қатор иншооти таъиноти иҷтимоӣ дар Душанбе иштирок н. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Нимаи аввали рӯз дар пойтахт бо иштироки президент ва раиси пойтахт дар мавзеи гардишгоҳи фурудгоҳ мавриди истифода қарор додани муассисаи таълимии томактабӣ дар назар аст.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Соҳилӣ, назди мавзеи Мачмааи табъу нашри “Шарқи озод” маҷмааи нави зимистонаи солимиву варзишӣ, инчунин хонаи истиқоматии баландошёнаро барои оилаҳои афсарони сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба истифода медиҳанд.

Ғайр аз ин, субҳи барвақти пагоҳ сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба Душанбе ташриф оварда, роҳҳое, ки қатораи автомашинаҳои ӯ аз фурудгоҳ то қароргоҳи ҳукумат ба самти “Қасри миллат”, меҳмонхонаи “Хайят Реҷенси” мегузаранд, дар вақти муайян баста мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.