Даргузашти академик Саъдулло Исломов яке аз бунёдгузорони таҳқиқи демографияи Тоҷикистон аз COVID

Саъдуло Исломов мудири пешини Пажуҳишгоҳи демографияи Акадмеи миллии илмҳои Тоҷикистон ва узви вобастаи ин ниҳод, субҳи имрӯз бар асари гирифторӣ ба бемории COVID-19 аз олам даргузашт. Дар ин бора дафтари матбуоти Академияи илмҳо хабар медиҳад. Раёсати АМИ Тоҷикистон дар таъзияномае аз Саъдулло Исломов ба унвони яке аз бунёдгузорони таҳқиқи масоили демографӣ дар Тоҷикистон ном бурдааст.  Ин […]

Саъдуло Исломов мудири пешини Пажуҳишгоҳи демографияи Акадмеи миллии илмҳои Тоҷикистон ва узви вобастаи ин ниҳод, субҳи имрӯз бар асари гирифторӣ ба бемории COVID-19 аз олам даргузашт. Дар ин бора дафтари матбуоти Академияи илмҳо хабар медиҳад.

Раёсати АМИ Тоҷикистон дар таъзияномае аз Саъдулло Исломов ба унвони яке аз бунёдгузорони таҳқиқи масоили демографӣ дар Тоҷикистон ном бурдааст. 

Ин донишманди тоҷик соли 1943 дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд таваллуд шуда, хатмкардаи риштаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1966 буд. 

Ба унвони мудири шуъбаи  Институти илмию таҳқиқотии иқтисодиёти Госплани ҶШС Тоҷикистон, мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ, ҳамзамон ноиби ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, мудир, профессори кафедраи менеҷменти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, директори Маркази омӯзиши аҳолӣ, мудири шӯъбаи масъалаҳои иҷтимоии инсон кор кардааст.

Солҳои 2002-2010 мудири Пажӯҳишгоҳи демографияи Академияи илмҳо буд. Соли 2011 муовини мудири ин Пажӯҳишгоҳ таъин шуда буд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.