Даргузашти Парвиз Турсунзода, писари Мирзо Турсунзода

Парвиз Турсунзода, писари хурдии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, рӯзи 31-уми июл дар Душанбе даргузашт. Дар ин бора яке аз дӯстонаш Олим Қурбонов дар шабакаи Фейсбук хабар дод.  Дар бораи сабабҳои марги Парвиз Турсунзода то кунун, расман чизе гуфта нашудааст. Олим Қурбонов бо таассуф навиштааст, ки "ӯ чанд рӯз пештар бароям навишта буд, ки "Олимҷони азиз! […]

Asia-Plus

Парвиз Турсунзода, писари хурдии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, рӯзи 31-уми июл дар Душанбе даргузашт. Дар ин бора яке аз дӯстонаш Олим Қурбонов дар шабакаи Фейсбук хабар дод. 

Дар бораи сабабҳои марги Парвиз Турсунзода то кунун, расман чизе гуфта нашудааст.

Олим Қурбонов бо таассуф навиштааст, ки "ӯ чанд рӯз пештар бароям навишта буд, ки "Олимҷони азиз! Маро фаромӯш накун". Ман аз куҷо медонистам, ки ӯ бо ман видоъ мекунад. Ба суолҳову нигарониҳои ман посух надод. Тасмими гирифтам, ки вохӯрӣ кунем, аммо дер кардам".

Парвиз Турсунзода, хатмкардаи риштаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд ва солиёни зиёде дар Ироқ ба унвони тарҷумони забони арабӣ кор карда буд. Баъди бозгашт аз Ироқ дар чандин нашриёти Душанбе кор кард.

Баъдан дар идораи "Тоҷикфилм" тарҷумон буд ва филмҳои зиёди хориҷиро тарҷума карда буд. Пас аз он корманди Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон шуд ва солҳои ахир дар ширкати «Вавилон-Мобайл» кор мекард. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?