Даргузашти президенти собиқи Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон

Сафар Боев аз поягузорон ва президенти собиқи Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон, президенти Федератсияи варзишгарони маъюби кишвар, устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар синни 69-солагӣ бар асари бемории тӯлонӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора, варзишгари тоҷик Парвиз Бобошарипов хабар дод. Ин варзишгари маъруфи тоҷик, бегоҳи рӯзи 9-уми август даргузашта ва имрӯз маросими ҷанозаи ӯ, соати 10.00 […]

Сафар Боев аз поягузорон ва президенти собиқи Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон, президенти Федератсияи варзишгарони маъюби кишвар, устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар синни 69-солагӣ бар асари бемории тӯлонӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора, варзишгари тоҷик Парвиз Бобошарипов хабар дод.

Ин варзишгари маъруфи тоҷик, бегоҳи рӯзи 9-уми август даргузашта ва имрӯз маросими ҷанозаи ӯ, соати 10.00 дар  Душанбе баргузор шудааст. 

Сафар Боев 28 октябри соли 1952 дар деҳаи Ғӯмасти ноҳияи Ванҷ  таваллуд шудааст. Ӯ аз соли 1973 то 1983 ҳамчун корманди мақомоти қудратӣ фаъолият намудааст. Моҳи июни соли 1994 дар марафони байналмилалӣ аз шаҳри Санк-Петебурги Русия то Алма-Атои Қазоқистон дар масофи 9000 км ширкат варзидааст. 2 декбари соли 1994 худи Президенти вақти Федератсияи Русия Борис Елсин ба Боев барои ширкат дар ин марафон ордени “Мардонагӣ”- и дараҷаи сеюмро тақдим кард.

Ӯ ҳамчунин, соли 1997 ғолиби мусобиқаи Спартакиадаи меҳнаткашони Федератсия Русия гардида, сазовори медали тилло гардидааст.

Сафар Боев дорои ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди варзиш, Корманди шоистаи варзиш буд. То охири умр, ҳамчун президенти Федератсияи варзишгарони маъюби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард ва дар миёни ин қишри варзишгарон бо номи "одами оҳанин" маъруф буд.

Дар замони роҳбарии ӯ ҳамчун президенти  Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон як қатор варзишгарон дар Бозиҳои паралимӣ, Тоҷикистонро муаррифӣ карданд. Аз ҷумла, солҳои 2004, 2008, 2012 ва 2016 Тоҷикистонро як нафарӣ дар бозиҳои тобистонаи паралимӣ намояндагӣ карданд. Ҳамин тариқ, бори аввал соли 2018 варзишгари тоҷик Сиёвуш Илёсов Тоҷикистонро дар Бозиҳои зимистонаи паралимӣ дар намуди лижаронӣ (кросс) муаррифӣ кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.