Роҳкиро дар Душанбе барои донишҷӯён ва дорандагони City Card чӣ қадар мешавад? (НАВШУДА)

Аз 10 ноябр қимати роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе боло меравад. Дар ин робита таърифаҳо (тарифҳо)-и City Card низ тағйир меёбанд. Аз 10 ноябр арзиши роҳкиро дар Душанбе тариқи зайл хоҳад буд: – дар автобус – 1,80 сомонӣ бо пардохт тариқи корт (тариқи кортҳои яксафара ва QR-codе – 2,5 сомонӣ. Кортҳои яксафараро аз дукони истгоҳҳо дастрас кардан мумкин […]

Asia-Plus

Аз 10 ноябр қимати роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе боло меравад. Дар ин робита таърифаҳо (тарифҳо)-и City Card низ тағйир меёбанд.

Аз 10 ноябр арзиши роҳкиро дар Душанбе тариқи зайл хоҳад буд:

– дар автобус – 1,80 сомонӣ бо пардохт тариқи корт (тариқи кортҳои яксафара ва QR-codе – 2,5 сомонӣ. Кортҳои яксафараро аз дукони истгоҳҳо дастрас кардан мумкин аст);

– дар троллейбус – 1,50 сомонӣ бо корт (тариқи кортҳои яксафара ва QR-codе – 2 сомонӣ. Кортҳои яксафараро аз дукони истгоҳҳо дастрас кардан мумкин аст);

– дар микроавтобусҳо (маршруткаҳо) – 2,5 сомонӣ;

– як километри роҳкиро дар такси – 3 сомонӣ;

Ин нархҳо зимни пардохт бо кортҳои City Card мувофиқи таърифаи маъмулӣ (стандартӣ)-и “Хуш омадед”, яъне бидуни тахфиф (камшавии нарх) амал мекунанд.

Тахфифҳо барои донишҷӯён ва кӯдакон

Ғайр аз ин, дар City Card таърифаҳо бо тахфиф барои донишҷӯён ва наврасон вуҷуд доранд.

Тавре ба “Азия-Плюс” дар ширкати мазкур хабар доданд, ин таърифаҳо ба тариқи зерин иваз шудаанд:

«Наврас» – дар автобус – 0,9 сомонӣ, дар троллейбус – 0,75 сомонӣ. Ин таърифа барои кӯдакони синни аз 5 то 10-сола пешбинӣ шудааст.

«Донишҷӯ» – дар автобус – 1,26 сомонӣ, дар троллейбус – 1,05 сомонӣ. Ин таърифа барои толибилмони макотиби олии пойтахт пешбинӣ шудааст.  Таърифа баъди тасдиқ кардани донишҷӯӣ ва пур кардани тавозун (баланс)-и корт ба маблағи зиёда аз 90 сомонӣ фаъол мешавад.

«Тахфифӣ» – дар автобус – 1,53 сомонӣ, дар троллейбусе – 1,28 сомони. Таърифа зимни пур кардани тавозун (баланс)-и корт ба маблағи зиёда аз 90 сомонӣ фаъол мешавад.

Ҳамчунин дар City Card метавон билети нимсола ё яксолаи роҳкиро дар автобус ва тролеейбусро харидорӣ намуд.

Ин билетҳо акнун бо таърифаҳои зерин фурӯхта мешаванд:

Барои ним сол

Хонанда "Нимсола" – 220 сомонӣ;

Донишҷӯ "Нимсола" – 300 сомонӣ;

Шаҳрванд "Нимсола" – 450 сомонӣ.

Барои як сол

Хонанда "Солона" – 300 сомонӣ;

Донишҷӯ "Солона" – 520 сомонӣ;

Шаҳрванд "Солона" – 750 сомонӣ.

Ёдрас мекунем, ки аз 1 марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе корти ягонаи City Сard амал мекунад.

Кортро метавон дар терминалҳо ё фурӯшгоҳҳо (киоскҳо)-и воқеъ дар назди истгоҳҳои нави нақлиёти ҷамъиятии Душанбе харидорӣ кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?