Бозори “Султони Кабир” ва “Осиё”- ро тахриб мекунанд

Аз марти соли нав фаъолияти чанд бозори калонтарини шаҳри Душанбе, аз қабили бозорҳои маъруфи “Султони Кабир” ва “Осиё” боздошта шуда бинои онҳо тахриб мешаванд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилооти шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Қарори дахлдор имрӯз 24-уми ноябри соли 2021 ба имзо расида то 1-уми март ин бозорҳо бояд холӣ карда шаванд. […]

Аз марти соли нав фаъолияти чанд бозори калонтарини шаҳри Душанбе, аз қабили бозорҳои маъруфи “Султони Кабир” ва “Осиё” боздошта шуда бинои онҳо тахриб мешаванд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилооти шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Қарори дахлдор имрӯз 24-уми ноябри соли 2021 ба имзо расида то 1-уми март ин бозорҳо бояд холӣ карда шаванд.

«Мувофиқи қарор фаъолияти бозор, нуқтаҳои фурӯш ва хизматрасонии ҶДММ «Султони Кабир», «Файзи Саид»-«Осиё» ва гирду атрофи он дар ноҳияи Фирдавсӣ, ҳамчунин маркази савдои «Мадад» воқеъ дар кӯчаи А. Ҷомии ноҳияи Сино аз 1 марти соли 2022 боз дошташуда, минбаъд бо тартиби муқарраргардида фаъолияти соҳибкорон дар дигар маҳал ҷойгир карда мешаванд», – гуфтанд дар шаҳрдории Душанбе.

Дар ин бозорҳо бештар масолеҳи сохтмонӣ, ашёи рӯзгор, мебел ва қисмҳои эҳтиётии мошинҳо фурӯхта мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, ба ҷойи онҳо шаҳраки тиббӣ, марказҳои солимгардонӣ бо минтақаи сабзазоркунии истифодаи умум сохта мешаванд.

«Ин иқдом бо мақсади ба талаботи меъморию шаҳрсозии муосир мувофиқ намудани кӯчаҳои Неъмат Қарабоев, Абайи ноҳияи Фирдавсӣ ва Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, таъмини ҳаракати бемамонияти воситаҳои нақлиёт дар ин роҳҳо ва танзими давлатии савдо рӯйи даст гирифта шудааст”, – афзуд манбаъ.

Шаҳрдорӣ таъкид мекунад, ки сохтмони шаҳраки тиббӣ, марказҳои солимгардонӣ ҳанӯз дар нақшаи генералии шаҳри Душанбе аз соли 1983 таҳия ва тасдиқ шуда буд ва ҳадаф таъмини шароити мусоид ба сокинони пойтахт аст.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли 2020 бо қарори шаҳрдорӣ бозори махсуси масолеҳи сохтмони “Ҷал-Ҷам” дар шаҳри Душанбе тахриб шуда буд. Дар ҷойи бозор сохтмони хонаҳои истиқоматии баландошёна ва меҳмонхона оғоз шудааст. Соҳибкорон ва тоҷирони бозор ба қаламрави маҷмааи нави савдои “Кӯшониён”, ки дар мавзеи наздикии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 сохта шудааст, кӯчонида шуданд. Эҳтимол меравад соҳибкорони бозорҳои Султони Кабир» ва «Файзи Саид»-«Осиё» низ ба маҷмааи савдои “Кӯшониён” кӯчонида шаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.