Даргузашти роҳбари “Авторадио” Фаридун Хайруллозода дар Душанбе

Фаридун Хайруллозода, рӯзноманигори ҷавон, ровӣ ва роҳбари радиои “Авторадио” дар Тоҷикистон шоми дирӯз, 11 август дар синни 27-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора наздикону дӯстони ӯ хабар дода, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба пайвандонаш изҳори тасаллият мекунанд. Сабаби марги Фаридун Хайруллозода ҳоло номаълум аст. Тавре ки дӯстону ҳамкоронаш мегӯянд, ӯ бардаму солим ва […]

Фаридун Хайруллозода, рӯзноманигори ҷавон, ровӣ ва роҳбари радиои “Авторадио” дар Тоҷикистон шоми дирӯз, 11 август дар синни 27-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

Дар ин бора наздикону дӯстони ӯ хабар дода, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба пайвандонаш изҳори тасаллият мекунанд.

Сабаби марги Фаридун Хайруллозода ҳоло номаълум аст.

Тавре ки дӯстону ҳамкоронаш мегӯянд, ӯ бардаму солим ва аз чанде пеш дар барномаи “Авторадио” ровигӣ мекард.

“Ҳеҷ гуна аломатҳои беморӣ надошт, хеле бардаму чаққон ва хушҳолона барномаҳо таҳия мекард”, – менависанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ дӯстону ҳамкоронаш.

Фаридун Хайруллозода 22 апрели соли 1994 таваллуд шудааст.

Риштаи иқтисодии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистонро хатм намуда. Дар Қазоқистону Русия ҳам таҳсили илм кардааст. Соли 2019 таҳсилро ба охир расонид. Аз соли 2006 дар барномаҳои субҳгоҳонаи ТВ ”Баҳористон” ровигӣ мекард.

Соли 2009 ба телевизиони “Сафина” гузашта, муаллифи барномаҳои субгоҳӣ буд. Соли 2014 ба Маскав рафта, охири ҳамон сол ба ватан баргашт. Баъди чанде муаллиф ва ровии якчанд лоиҳаҳои радиоӣ дар “Радиои Ватан”, сипас муаллиф ва ровии барномаи “Басти сеюм” буд.

Соли 2018 директори радиои “Ҳамсадо” шуда, сипас директори генералии “Авторадио Тоҷикистон” шуд.

Соли 2017 Фаридун барои фаъолияти пусамар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба дарёфти ҷоизаи “Беҳтарин блогери Тоҷикистон” шарафёб гардид. Аз навиштаҳои ӯ дар маълум мешавад, ки ояна нақшаҳои зиёд доштааст…

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.