Лавров: “Толибон худро озод аз иҷрои уҳдадориҳо медонанд”

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзи 1 ноябр дар мусоҳиба ба шабакаи телевизиони “Россия 24” изҳор намудааст, ки “Толибон” бо сабаби таъхири хуруҷи неруҳои низомии ИМА аз Афғонистон худро озод аз иҷрои уҳдадориҳо мешуморанд. “Тибқи арзёбии чанде аз сиёсатшиносони амрикоӣ, бо сабаби дар муҳлати мувофиқашуда аз уҳдаи хориҷ кардани неруҳо набаромадани ИМА, ҳамин ҳолат […]

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзи 1 ноябр дар мусоҳиба ба шабакаи телевизиони “Россия 24” изҳор намудааст, ки “Толибон” бо сабаби таъхири хуруҷи неруҳои низомии ИМА аз Афғонистон худро озод аз иҷрои уҳдадориҳо мешуморанд.

“Тибқи арзёбии чанде аз сиёсатшиносони амрикоӣ, бо сабаби дар муҳлати мувофиқашуда аз уҳдаи хориҷ кардани неруҳо набаромадани ИМА, ҳамин ҳолат ба вуҷуд омад”, – овардааст гуфтаҳои Лавровро хабаргузории "Красная весна".

Ба гуфтаи вай, толибон “худро аз уҳдадории таъсиси як ҳукумати ризоияти миллӣ озод донистанд”.

Дар ҳамин ҳол ИМА, ба гуфтаи Лавров, ноуҳдабароёна амал карда, кӯшиш мекард, ки тарафҳои даргирро дар Афғонистон ба созиш биорад.

“Гуфта метавонам, ки ин кор начандон уҳдабароёна сурат гирифт. Арзёбии худро пинҳон намедорам”, – иброз дошт ӯ.

Вазир инчунин дар таъхири хурӯҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, аз ҷумла Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури собиқи ин кишварро низ масъул медонад, ки ба гуфтаи ӯ, аз Созишномаи сулҳи Давҳа норозӣ буд ва ба иҷрои он монеъ мешуд.

"Ғанӣ дарк мекард, ки дар ҳама гуна сенария ӯ шахси аввал дар ҳукумати нави Афғонистон боқӣ намемонад. Аз ин рӯ, ӯ ҳама корро кард, ки ин равандро бо ҳар васила ба таъхир андозад. Дар натиҷа амрикоиҳо таъхир карданд", – гуфт вазир.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.