Литва шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кор даъват мекунад

Теъдоди кормандон аз Тоҷикистон дар Литва зиёд шудааст. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба Хадамоти шуғли ин кишвар хабар медиҳанд. Дар давоми як сол теъдоди тоҷикон дар Литва аз 5,7 ҳазор то 7 ҳазор афзудааст, ки аз лиҳози теъдод дар ин кишвар панҷум шудаанд. Дар чор зинаи аввал украиниҳову беларусҳо ва ӯзбекону озарбойҷониҳо […]

Теъдоди кормандон аз Тоҷикистон дар Литва зиёд шудааст. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба Хадамоти шуғли ин кишвар хабар медиҳанд.

Дар давоми як сол теъдоди тоҷикон дар Литва аз 5,7 ҳазор то 7 ҳазор афзудааст, ки аз лиҳози теъдод дар ин кишвар панҷум шудаанд. Дар чор зинаи аввал украиниҳову беларусҳо ва ӯзбекону озарбойҷониҳо қарор доранд.

Дар соли 2024 Хадамоти шуғли Литва барои кори мавсимӣ ба шаҳрвандони кишварҳои сеюм (ба Иттиҳоди Аврупо шомил нестанд) 410 иҷозатнома додааст, ки 5 баробар бештар нисбат ба соли 2023 мебошад. Аксарияти онҳо шаҳрвандони Осиёи Марказӣ мебошанд. Онҳоро ба корҳои мавсимӣ, аз қабили истеҳсолкунандагони маҳсулот ва дар таъмиру роҳсозӣ ҷалб мекунанд.

Тибқи маълумоти Хадамоти шуғл, то 1 июл дар Литва 138,3 ҳазор шаҳрвандони кишварҳои сеюм аз 132 давлат кор мекарданд: аз се ду ҳиссаш шаҳрвандони Беларус ва Украина, зиёда аз 6 ҳазор нафар – шаҳрвандони Ӯзбекистон, 5,6 ҳазор нафар – Қирғизистон ва 4,6 ҳазор нафар – шаҳрвандони Тоҷикистон.

Қаблан Вазорати ҳифзи иҷтимоӣ ва меҳнати Литва рӯйхати зиёда аз 100 касбро, ки дар нимсолаи дуюми соли 2024 дар онҳо камбуди коргарон ба мушоҳида мерасад, нашр кард.

Тибқи ин рӯйхат, ин ҷумҳурӣ ба коргарон дар бахшҳои сохтмон, саноат, кишоварзӣ ва хидматрасонӣ ниёз дорад. Барои коргарони хориҷӣ бисёр ҷойҳои корӣ мавҷуданд, аз ҷумла ба сифати бинокорон, бетонрез, хиштрез, насбгар, роҳсоз, андовачӣ, сантехник, рангмол, кафшергар, челонгар, устои барқ, механизатор, ронанда, қассоб, қаннод, бастабанд, дӯзанда, сартарош ва ғайра.

Айни замон дар бисёр касбҳо таҷрибаи кор талаб намешавад. Талаботи асосӣ риояи қонунгузории кишвар, маҳдудияти синну сол то 50 сол ва дигар шартҳо мебошад. Хароҷоти манзил аз маош пардохт мешавад (аз 80 евро ва болотар дар як моҳ).

Хадамоти шуғли Литва агентиҳои шуғл (рекрутингӣ)-и ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказиро ба ҳамкорӣ даъват намуд. Ин ба эҳтиёҷоти тиҷорати Литва, ки пештар коргаронро аз Украина ва Беларус ҷалб мекард, вобаста аст. Аммо ҳоло вазъияти геополитикӣ тағйир ёфтааст — Беларус расман душман эълон шуда, Украина пас аз аввалин мавҷи гурезаҳо марзҳои худро комилан баст.

"Ба тиҷорати Литва лозим омад, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ назар кунад, ки аз он ҷо корфармоён қувваи кориро меоранд," – гуфт директори департаменти муҳоҷирати Литва Эвелина Гудзинскайте.

Корҷӯён аз Тоҷикистон асосан тавассути се роҳ ба Литва меоянд: тавассути муроҷиати мустақим ба Хадамоти шуғли Литва, тавассути ширкатҳои миёнарав ва тавассути сафарбарии муташаккилона аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.

Дар Вазорати меҳнат ба "Азия-Плюс" хабар доданд, ки ҷониби Литва барои коргарон аз Тоҷикистон дар бахши сохтмон ва хидматрасонӣ дархост додааст. Барои шиносоӣ бо рӯйхати касбҳо ва шартҳои ҷалби муташаккилона метавонед ба ин хадамот муроҷиат кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.