Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон вакилони мардумӣ бидуни баррасӣ Созишномаи байниҳукуматии моҳи июни соли гузашта ба имзорасида миёни Тоҷикистону Чин дар бораи реҷаи марзи давлатии ҳарду кишварро якдилона маъқул шумориданд.
Зимни шарҳи ҷузъиёти созишнома ба вакилон раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Саймумин Ятимов зикр кард, ки дар санади мазкур қоидаҳои равуои шаҳрвандон, воситаҳои нақлиёт ва ҳамлу нақли молу коло тавассути марзи давлатӣ муқаррар шудаанд. «Ғайр аз ин, дар созишнома макони гузоштани аломатҳои марзӣ ва шикор дар манотиқи наздимарзӣ муайян карда шудаанд», – гуфт вай.
Зимни ибрози андеша оид ба ин масъала раиси Кумитаи мудофиа ва амнияти парлумон Амирқулов Азимов изҳор кард, ки созишномаи мазкур ҳамчунин масоили ҳифзи муштараки муҳити зист дар манотиқи наздимарзӣ ва ҳамкории мутақобилаи сохторҳои марзбонии ҳарду ҷонибро низ танзим мекунад.
Дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумон ҳамчунин ворид намудани тағийрот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи милитсия» низ маъқул дониста шуд. Аз ин ба баъд Вазорати корҳои дохилӣ уҳдадор мешавад, ки ҳар моҳ ба Кумитаи андози ҷумҳурӣ дар бораи воридоти маблағҳои пулии марбут ба додани шиноснома ба шаҳрвандони кишвар маълумот пешниҳод намояд.


