М.Кабирӣ вазири корҳои дохилиро ба парлумон даъват карданист

Аваз Юлдошев


Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вакили парлумон, раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ изҳор намуд, ки имрӯз ба роҳбарияти МНМО ҶТ муроҷиат карда, даъвати вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов ба яке аз ҷаласаҳои парлумонро дархост карданист.

М.Кабирӣ зикр кард, ки ӯ ҳамчун вакил ва шаҳрванди кишвар огаҳ шуданист, ки «мақомоти интизомӣ баҳри дарёфти афроди бедаракшуда, ки шуморашон ахиран дар ҳоли афзоиш аст ва бартараф сохтани муносибати берун аз одоб ва бесалоҳиятонаи кормандони милиса нисбати шаҳрвандон, лату кӯби шахсони маъруф аз ҷониби ҷинояткорони номаълум чӣ гуна тадбирҳо меандешанд».

Дар робита ба ҷараёни тафтиши парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далели мавриди лату кӯб қарор гирифтоани муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳайит, Муҳиддин Кабирӣ зикр кард, ки оид ба ин масъала имрӯз дар қароргоҳи ҳизб дар пойтахт конфронси матбуотии махсус доир месозад.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ҳайит

мавриди ҳамла ва лату кӯби афроди номаълум

қарор гирифт. Айни замон ӯ дар Маркази миллии тиббӣ бистарӣ аст.

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...