Ҳ.Креймер: Аксаран барои «Роғун» сари мансаб мондани Раҳмонро мехоҳанд


Шореҳи амрикоӣ Ҳилари Креймер маводи навбатии худ дар бораи имкони сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» дар Тоҷикистонро ба табъ расонид. Мавод таҳти унвони

«Сарбанди Роғун омили тағйири ҷараён дар Бозии бузург хоҳад шуд»

дар торнамои The Huffington Post нашр шуд. Торнамои иттилоотии мазкур яке аз сомонаҳои аз ҳама бештар истифодабаранда дар саросари ҷаҳон маҳсуб меёбад.

Ҳиллари Креймер шореҳи рӯзномаи Wall Street Journal мебошад, ки ба сифати коршинос дар барномаҳои Bloomberg, Reuters, CNBC, CNN ва Fox News фаъолият мекунад. Аввали моҳи март дар маҷаллаи Forbes таҳти унвони «Муҳимияти нерӯгоҳи Роғун дар мубориза алайҳи терроризм» мавод интишор шуд.

Дар зер тарҷумаи комили сутун (колонка)-и шореҳи амрикоӣ манзур мегардад:     

 


Нерӯгоҳи обии Роғуни Тоҷикистон шояд тағйирдиҳандаи вазъият шавад

Ҳама нерӯгоҳҳои обӣ вазъияти умумии давлатҳоро тағйир медиҳанд. Ин сабаби сохта шудани онҳост. Нерӯгоҳи обии Роғуни Тоҷикистон, ҳангоми ба анҷом расидани сохтмонаш



бояд банди баландтарини обии дунё шавад


(эҳтимолан 335 метр). Ҳамин тариқ, он бояд сатҳи зиндагонии тамоми миллатро тағйир дода, ба ҳамсояҳои мамлакат, хусусан дар ҷануб – Афғонистон ва дар ғарб Ӯзбакистон, ёрирасон шавад.

Мутобиқи маҷаллаи Popular Mechanics, 

дар дунё 845 ҳазор банди обӣ вуҷуд доранд

. Тамоми онҳо ҳамчун ҳавзҳо истифода шуда, нисбати муҳити атрофи маҳаллию минтақавӣ таъсири қатъӣ доранд ва ҷиҳатҳои мусбию манфии онҳо барои тарафони манфиатдор, ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ, ва ҳам аз ҷиҳати ҳақиқӣ, таҳлил карда мешаванд.

Айни ҳол иншооти Нерӯгоҳи обии Роғуни Тоҷикистон ба анҷом нарасида буда, мисоли беҳтарини лоиҳаи банди бузургест, ки барои худи мамлакат ва ҳамсояҳояш, ки дар поёни ҷараён ҷо гирифтаанд, таъсири аҳамиятноку бардавом дорад. Бо ба анҷом расонидани иншооти банд, иқтисодиёти Тоҷикистон беандоза беҳтар мегардад.

Солҳои 1960 аз тарафи мутахассисони советӣ ба нақша гирифта шуда, он бояд воситаи идора кардани таъминоти об дар Осиёи Марказӣ мегардид. Корҳо соли 1976 оғоз ёфта, то ба барҳам хӯрдани 

Иттифоқӣ Советӣ дар соли 1991 

пеш мерафтанд. Тахминан нисфи иншоот сохта шуда, корҳои сохтмониро қатъ гардонида буданд. Сол то сол, бо сабаби ихтилофҳо бо “шариконе”, ки дар лоиҳа иштирок меварзиданд (Ҳукумати ФР, Ҳукумати ҶТ, РУСАЛ ва дигарон), оғоз ёфта, аз ҳаракат мононда шуда, лоиҳа суст шуда мерафт.

Соли 2010 нақшаҳо ба таври ҷиддӣ дубора амалӣ гардида, Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳодӣ оммавии саҳмияҳоро барои ба анҷом расонидани иншооти Нерӯгоҳи обии Роғун оғоз дод. 

Бояд 1,4 миллиард доллари ИМА ҷамъ оварда мешуд, аммо танҳо 20 фоизи маблағи зикршуда ба даст оварда шуд, ки он танҳо барои таъмин кардани ду соли корҳои сохтмони расид.

 Иқтисодиёти ҷаҳон то ҳол аз шикасти молиявии бозорҳои қарзӣ, ки сабаби боздошту таваққуфи тамоми маблағгузорӣ шуд, ба худ меомад.

Аз нуқтаи назари Тоҷикистон, нерӯгоҳи мазкур мавқеъи мамлакатро дар минтақа тамоман дигар мекард. Айни ҳол, 

Тоҷикистон дар Рӯйхати инкишофи аҳолии СММ аз 187 ҷои 125-умро ишғол кардааст.

 Сардори Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ҳимоягари содиқи Нерӯгоҳи обии Роғун буда, барои ҷалб кардани аҳамият ба бартариҳое, ки анҷоми лоиҳа метавонад ба давлати ӯ ва ба тамоми минтақа орад, саъю кӯшиши беист ба харҷ медиҳад. Моҳи ноябр дар давлат интихоботи миллӣ гузаронида мешавад,ва бисёрон мехоҳанд, ки Сардори ҷории мамлакат роҳбари ҳукумат монда, мақсади худро – ба анҷом расонидани банд – амалӣ кунад.

Ин ҳафта, Президент Раҳмон дар Брюссел бо Президенти Иттифоқи Авруппо, Ҳерман Ван Ромпуй вохӯрда, илова бар гарави пешрафти демократия, тарафдории худро нисбати Нерӯгоҳи обии Роғун изҳор намуда, онро ҳимоя намуд. Президент Раҳмон бо

Котиби Генералии НАТО, Андерс Фог Расмуссен вохӯриҳо гузаронид

, ки дар онҳо ҳарду сардорон оиди шарики НАТО будани Тоҷикистон ва кӯмаке, ки мамлакат ҳангоми амалиётҳои ҳарбӣ дар Афғонистон ба иттифоқ расонид, ҳамсӯҳбат шуданд. Дар асл, фурудгоҳи Душанбе дар давоми ихтилофи бардавом дар Афғонистон аз тарафи қувваҳои НАТО истифода бурда мешуд. Тоҷикистон аввалин мамлакати Осиёи Марказӣ буд, ки бо Қувваҳои байналмиллалии мададрасонӣ бар амният (ISAF) шартномаи транзит имзо кард.

Ба он нанигариста, ки Тоҷикистон то ҳол яке аз давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қашоқтарини Осиёи Марказӣ мебошад, 

мамлакат пуриқтидор мебошад

. Чаро? Чунки Тоҷикистон дорои андозаҳои бузурги захираи муҳимтарини минтақа – об мебошад, ки дар ҳолати шориши пиряхҳо, дарёҳое, ки аз қаторҳои калони кӯҳҳояш мерезанд, нигоҳ дошта мешавад, ки иқтидори калони гидроэнергетикӣ доранд.

Ҳамин тариқ, мамлакат дорои калиди воситаҳои таъмин кардани андозаҳои калони об барои обёрӣ, истифодаи дигари саноатӣ ва барои истеъмоли аҳолии ҳамсояаш, Ӯзбакистон, ки ҳам аз ҷиҳати аҳолӣ, ва ҳам аз ҷиҳати қувваи иқтисодӣ, хеле калонтар аст, мебошад. Ҳатто дар давоми давраи советӣ ҳолат айнан ҳамин буд. Аммо бо сабаби ҳукмронии мутамарказ, об, сӯзишворӣ ва маҳсулоти дигар байни давлатҳои советии Осиёи Марказии он вақт, тавре ки баъзе мутахассисон пешниҳод мекунанд, ба тариқи ноустувор ва ғайритасбитона ё чуноне ки мутахассисони дигар баён мекунанд, мувофиқи талаботи маҳаллӣ, ин сӯ он сӯ ҷудо карда мешуданд.

Ба ҳар ҳол, якҷоя бо барҳам хӯрдани Иттифоқӣ Советӣ созишҳои таносубе, ки захираҳои табииро, инчунин захираҳои обро, байни ин мамлакатҳои соҳибистиқлоли собиқ советӣ идора мекарданд, низ барҳам хӯрданд. Аз ҷиҳатҳои зиёде миллатҳои нав аҳду паймонҳои кӯҳнаро дубора қабул карданд, аммо, на ҳар гоҳ, на дар ҳар ҳолат ва на нисбати ҳар масъалаи пешбинӣнашудае, ки дертар ба миён омада буданд.


Тоҷикистону Қирғизистон 68% захираҳои оби тозаи 

 Баҳри Арали Осиёи Марказиро идора мекунанд. Онҳо давлатҳои асосан кӯҳӣ буда, замини шудгорбоби кам доранд. Ҳардуи мамлакатҳо аз тарафи давлатҳои ҳамсоя, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ бузургтаранд, фишор оварда мешаванд. Ин давлатҳо хоҳиши нигоҳ доштани шартҳои ҷории таъминоти об ва ҳамин тариқ манбаъҳои даромад доранд. Хусусан, Ӯзбакистон бо саноати пахтагиаш, ки 

имрӯз 6-ум истеҳсолгарӣ пахта мебошад

 (каме пеш ҷои 2-юмро ишғол мекард). Сеяки қувваи кории Ӯзбакситон дар соҳаи истеҳсоли пахта истифода мешавад. Бо сабаби лозим будани миқдорҳои зиёди об барои парвариши пахта, ҳар тағйироти ҷараёни об аз кӯҳҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон истеҳсолоти пахтаи Ӯзбакистонро зери хатар мегузорад.

Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад, то сатҳи худро то ба давлати таррақиёфта бардошта, барои худ дар давоми моҳҳои сарди зимистона манбаи нерӯи барқ ташкил диҳад, ки дар давоми ин фасл тоҷикон одатан аз ин ҷиҳат танқисӣ мекашиданд. Ин мамлакат мехоҳад ояндаи худро дар дунёи зуд-зуд тағйирёбанда, ки ба навигариҳо инъом медиҳад ва норасоии борикбинӣ, норасоии банақшагирӣ ва баамалбарориро намебахшад, равшантар кунад. Ӯзбакистон мехоҳад истеҳсоли пахтаро барои бозорҳои байналмиллалӣ дар сатҳу андозаи имрӯза нигоҳ дошта, 

ҳар яки аз се ӯзбакро бо кор дар соҳаи истеҳсоли пахта таъмин намояд.

Ин барои ихтилофи беохир заминае набояд шавад. Масъалаи мазкур роҳҳои эҳтимолии ҳалкунӣ дорад, ки метавонад барои тарафайн фоидаовар шаванд.

Агар Ӯзбакистон сиёсати ҷории худро нисбати ин масъала пеш бурдан гирад, чорабиниҳои он метавонад ба истеҳсолоти пахта хеле зараррасон шавад. Кулли киштзори он дам дода мешавад. Сатҳи бекорӣ зиёд мешавад. Агар он аз имрӯз нақшаҳои худро мувофиқи анҷоми эҳтимолии Нерӯгоҳи обии Роғун ва инчунин таъсири эҳтимолии нерӯгоҳ ба ҷараёни об ба обанборҳои ӯзбакӣ баъд аз ба кор даромадани нерӯгоҳ кашад, дар ин ҳолат Ӯзбакистон беҳтар бурд мекунад.

Айни ҳол, Ӯзбакистон усули ”

хандақҳои обёрӣ

” истифода мебарад, ки садҳо сол боз истифода бурда мешуд. Ҳамин тариқ, 50 то 90 фоизи об босамар истифода бурда намешавад, яъне аз даст дода мешавад. Гузариш ба истифодаи усулҳои ”

обёрии қатравӣ

” миқдорҳои оби ҳайф мешударо на камтар аз ним бор, ё ҳатто аз он зиёдтар камтар мекард.

Ҳалли дигар – таъин кардани нарх барои об, ки аз нигоҳи аввал бояд танҳо барои Тоҷикистон манфиатбахш бошад. То ба имрӯз Ӯзбакистон барои оберо, ки ба тариқи бахшгоҳҳое, ки дар қаламрави Тоҷикистон оғоз меёбанд, истифода бурда, барои он маблағи ночиз мепардохт ё ҳатто онро ройгон мегирифт. Ба ин нанигариста, ин мамлакат қисми калонтарини оби минтақаро қариб пурра барои истеҳсоли пахта истифода мебарад.

Системаи нархгузории одилона ё ҳатто андак метавонад Ӯзбакистонро водор кунад, ки усулҳои парвариши пахтаро навсозӣ намояд, ва метавонад ба Тоҷикистон даромади бисёр лозиме таъмин намояд, ки дар навбати худ макро-иқтисодиёти тамоми минтақаро боло бардорад.

Як ҳалли дигари ин масъала метавонист пайдо карда шавад, агар Тоҷикистон розӣ шавад, ки бо Ӯзбакистон даромадҳои худро аз соҳаи гидроэнергетика тақсим кунад. Ҳамин тариқ, Ӯзбакистон метавонист имконияти гузаронидани барномаҳои давлатӣ барои расонидани кӯмак ба деҳқонон дар масъалаи навсозии олоти обёрӣ ба даст орад, ки ин дар навбати худ, захиракунии обро беҳтар мекард ва ғайра.

Ягонтои ин осон нест, махсусан бо вуҷуди ҳолати вайрони муносибатҳои сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ миёни ҳамсояҳое, ки барои захираҳои камёб рақобат доранд. Ба он нанигариста,

бо пешрафти лоиҳаи Нерӯгоҳи обии Роғун, зарурати созишҳое, ки ба ҳар ду тараф фоидаовар мешаванд, зиёд мешавад. 

Президент Раҳмон бояд барои саъю кӯшишаш барои ёфтани роҳҳои ҳалли дипломатии тақсимкунии об дар минтақа ва пешкаш кардани лоиҳае, ки ин гуна таъсири мусбие ба тараққиёти минтақа дорад, ситоиш карда шавад.

Ҷонишини котиби генералии Иёлоти Муттаҳида, Ян Элиассон баъзе вақт аҳамиятнокии обро барои дунё ба тариқи доштани шишаи оби тоза дар вохӯриҳо тасвир карда, мегӯяд, ”

Ин шишаи оби наву тоза барои мо як чизи одатист. Вале барои ду миллиард одам, ин ҳашамат аст.

Баъд, Элиассон бо огоҳониҳо давом медиҳад, то шунавандагон эҳтиёткор буда, ин маҳсулоти бебаҳоро эҳтиёт кунанд ва дар ёд доранд, ки дигарон бесабаб пурташвиш нестанд.

Агар Тоҷикистону Ӯзбакистон дар байни ҳамдигар сулҳ хоҳанд, онҳо роҳи парвариш, захира ва тақсим кардани оберо, ки байни онҳо мешорад, меёбанд.

spot_imgspot_img

Популярное