Ифтитоҳи Медиа-Форуми 11-уми Авруосиё дар Остона

Субҳи имрӯз дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона Медиа-Форуми 11-уми Авруосиё ба кор шурӯъ кард. Рӯзномаи форуми мазкур аз масоили вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ пас аз хурӯҷи нерӯҳои эътилофи низомӣ аз Афғонистон дар соли 2014, таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба вазъи сиёсӣ дар ҷаҳон, ҷараёни фоҷеаобори ҳодисаҳо дар Шарқи Наздик, дурнамои таъсиси Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва […]


Субҳи имрӯз дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона Медиа-Форуми 11-уми Авруосиё ба кор шурӯъ кард.

Рӯзномаи форуми мазкур аз масоили вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ пас аз хурӯҷи нерӯҳои эътилофи низомӣ аз Афғонистон дар соли 2014, таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба вазъи сиёсӣ дар ҷаҳон, ҷараёни фоҷеаобори ҳодисаҳо дар Шарқи Наздик, дурнамои таъсиси Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва дигар масоили муҳими рӯзмарраи ҷаҳони муосир иборат аст.

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба кори форум ҳусни оғоз бахшида, дар бораи масоили дар боло зикршуда ибрози андеша кард. «Ман ба вазъи минтақа пас аз хурӯҷи нерӯҳои эътилоф аз Афғонистон некхоҳона назар мекунам, зеро айни замон кишварҳои минтақа ба таъмини суботу устуворӣ қодиранд», – гуфт ӯ.

Дар робита ба дар соли 2015 таъсис додани Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бо иштироки Русияву Белорус ва Қазоқистон Назарбоев изҳор намуд, ки набояд ба иттиҳод ҳамчун ба эҳёи Иттиҳоди Шӯравӣ нигарист. «Таъсиси ин иттиҳод мақсадҳои соф иқтисодӣ дошта, мардуми қазоқ бори нахуст истиқлолият ба даст овард ва агар ба истиқлолияти мо чизе таҳдид кунад, мо дарҳол аз ин иттиҳод хориҷ хоҳем шуд», – таъкид кард ӯ.

Зимни ибрози андеша перомуни журналистикаи муосир дар робита ба рушди босуръати технологияҳои навтарин ва шабакаҳои иҷтимоӣ, Назарбоев зикр кард, ки ба андешаи ӯ, «бо пайдо шудани кино театру рӯйи кор омадани интернет телевизиону радио аз байн нарафтанд ва ҳарчанд коршиносон пешгӯӣ кунанд ҳам, рӯзномаҳо низ аз байн намераванд».

Форум муддати ду рӯз идома ёфта, дар кори он ҳайати сершумори журналистони тоҷик низ иштирок доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.