Роҳиоҳанчиён Рогозину Онишенкоро ба дуруғғӯӣ муттаҳам мекунанд

Бо супориши мақомоти раҳбарии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» як комиссияи махсуси корие таъсис дода шуд, ки ба санҷиши қатораи ба самти Душанб-Маскав равуодошта машғул хоҳад шуд. Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ , ба ҳайати комиссияи мазкур масъулини соҳа, кормандони Прокуратураи нақлиёт, Шӯъбаи корҳои дохилии нақлиёти роҳи оҳан ва хабарнигорон шомиланд. Гуфта мешавад, комиссия бо […]

Пайрав Чоршанбиев


Бо супориши мақомоти раҳбарии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» як комиссияи махсуси корие таъсис дода шуд, ки ба санҷиши қатораи ба самти Душанб-Маскав равуодошта машғул хоҳад шуд.

Бино ба маълумоти

Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ

, ба ҳайати комиссияи мазкур масъулини соҳа, кормандони Прокуратураи нақлиёт, Шӯъбаи корҳои дохилии нақлиёти роҳи оҳан ва хабарнигорон шомиланд.

Гуфта мешавад, комиссия бо мақсади ошкор намудани то кадом дараҷа воқеъӣ будани изҳороти интиқодии мансабдорони воломақоми Русия нисбат ба ҳайатҳои қатораҳои Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Ёдрас мекунем, ки санаи 14-уми апрели соли равон ноиби нахуствазири Русия Дмитрий Рогозин зимни боздид аз истгоҳи Ақсарайски вилояти Астрахан бо вазъи иншооти хадамоти марзбонӣ ва гумрук ошно гардида, ҳамроҳи роҳбари Роспотребнадзор Геннадий Онишенко

бо вазъи қатораи Душанбе-Маскав низ шинос шудаанд.

«Мардум ба кишвари мо тавассути қатораҳое меоянд, ки барои мусофиркашӣ пешбинӣ нашудааст», – иброз дошта буд Рогозин ба рӯзноманигорон.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти раҳбарии корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон бо даъвоҳои пешниҳодшуда қатъия розӣ набуда, изҳороти Рогозину Онишенкоро

дахолат ба бозори хизматгузории роҳи оҳани Тоҷикистон

мешуморанд.

Бино ба иттилои КВ «Мусофирбарӣ» – и КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», қатораи мавриди санҷиши Рогозину Онишенко қароргирифта рӯзи  20-уми апрел соати 19:25 ба Душанбе расида, аз тарафи комиссияи қабулу гусели қатораҳо мавриди тафтиш қарор гирифт ва маълум гардид, ки нуқсонҳое, ки аз тарафи мақомоти роҳбарикунандаи Русия дар қатора ошкор шуданд, ҳақиқати воқеӣ надоранд.

Бригадири қатора Саид Сатторов гуфтааст, ки вақте қатораи мо дар истгоҳи Қазон таваққуф карда буд, муовини сарвазири Русия Рогозин дохили як вагони поезд гашта, пас аз чанд лаҳза берун шуд. «Онишенко бошад, вагон – ресторанро аз назар гузаронду тамом. Вақте ки онҳо дохили қатора шуданд, ошпазҳои вагон – ресторан ба омодакунии хӯрок машғул буданд, яъне дар ҳолати корӣ тартиботи ресторан ба ҳама маълум аст. Аммо яхдони ресторан кор мекард. Ба замми ин мусофирон нав аз қатора берун шуда, роҳбаладон ба тоза кардани вагонҳо машғул буданд», – иброз доштааст бригадир.

 Роҳбарияти КВ «Мусофирбарӣ иброз намудаанд, ки бо вуҷуди ба ҳангома табдил додани нуқсонҳои дар қатора ошкоргардида, масъалаи мазкур зери назорати қатъӣ гирифта шуда, ҳайати қатораи мазкур барои беэътиноӣ нисбат ба вазифаашон ҷазо мегиранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.