Гуфтушунидҳои Ҳамрохон Зарифӣ дар Алмаато

Дар шаҳри Алмато дар ҳошияи 3-юмин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Раванди Истамбул оид ба амнияти минтақавӣ ва ҳамкорӣ баҳри сулҳу субот дар Афғонистон вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири корҳои хориҷии Афғонистон доктор Залмай Расул доир гашт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҷонибҳо ба вазъи мавҷудаи ҳамкориҳои мутақобила баҳои […]


Дар шаҳри Алмато дар ҳошияи 3-юмин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Раванди Истамбул оид ба амнияти минтақавӣ ва ҳамкорӣ баҳри сулҳу субот дар Афғонистон вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири корҳои хориҷии Афғонистон доктор Залмай Расул доир гашт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҷонибҳо ба вазъи мавҷудаи ҳамкориҳои мутақобила баҳои мусбат дода, оид ба масъалаҳои вобаста ба роҳҳои амалии боло бурдани зарфиятҳои Раванди Истамбул табодули назар намуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар Алмаато Ҳамрохон Зарифӣ бо намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Патрисия Флор низ гуфтушунид анҷом дод.

Дар рафти вохӯрӣ тарафҳо аз сатҳи мавҷудаи ҳамкориҳои мутақобила изҳори қаноатмандӣ намуда, масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавӣ, аз ҷумла раванди таъмини амният ва субот дар Афғонистонро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.