Президент бори дигар аз сиёсати «дарҳои боз» ҳарф зад

Имрӯз зимни ироаи Паём ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки тайи 15 соли ахир Тоҷикистон сиёсати «дарҳои боз» дар муносиботи банулмилалиро роҳандозӣ намуда, минбаъд низ аз ин мавқеъ пуштибонӣ хоҳад кард. Сарвари давлат таъкид дошт, ки зимни амалисозии сиёсати хориҷӣ Тоҷикистон аз ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ кор мегирад. «Дар кишвари […]


Имрӯз зимни ироаи Паём ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки тайи 15 соли ахир Тоҷикистон сиёсати «дарҳои боз» дар муносиботи банулмилалиро роҳандозӣ намуда, минбаъд низ аз ин мавқеъ пуштибонӣ хоҳад кард.

Сарвари давлат таъкид дошт, ки зимни амалисозии сиёсати хориҷӣ Тоҷикистон аз ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ кор мегирад.

«Дар кишвари мо имрӯз мушкилоти зиёде мавҷуд аст, вале мо аз онҳо ҳарос надорем ва ҳатман онҳоро ҳал намуда, лекин истиқлолияти кишварро ба ҳеҷ чизе иваз нахоҳем кард», – иброз дошт президент.

Дар ҳамин ҳол, ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки мутааҳидшавии тамоми нерӯҳои сиёсӣ дар ҷумҳурӣ баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ яке аз вазифаҳои афзалиятноки ҳукумати ҷумҳурӣ ба шумор меравад.

«Мо аз таърихи кӯҳану бойи мардуми тоҷик ифтихор дорем, вале далелҳои таҳрифи онҳо боиси нигаронӣ аст, – гуфт Э.Раҳмон. – Боиси нигаронист, ки ахиран чанде миёни ҳамагон дар бораи ба мардуми тоҷик бегона будани таҷлили ҷашни Наврӯзу мухолифат доштани он ба шариати ислом ҳарф мезананд. Ман ба ин шахсон хотиррасон карданиам, ки Наврӯз ҳамчун як қисмати фарҳангу таърихи мо ба ҳеҷ кадоме аз динҳо муносибат надорад».

Дар идома сарвари давлати Тоҷикистон ба ҳозирин ёдовар шуд, ки дар замони шӯравӣ ҳамагӣ 30 нафар шаҳрвандони кишвар маросими адои ҳаҷро анҷом дода, дар солҳои соҳибистиқлолӣ шумори онҳо ба беш аз 200 ҳазор нафар расидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.