Кӯдакдузд устодони маънавии худро «фурӯхт»

Дар ҷараёни тафтиши парвандаи ҷиноии марбут ба рабудани кӯдаки 5-сола дар яке аз маҳаллаҳои пойтахт рӯзи 9-уми июн, кормандони милиса фаъолияти як қатор мактабҳои ғайриқонунии диниро ошкор намуданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар ҷараёни бозпурсии гумонбар дар дуздии кӯдакон, сокини 48-солаи ноҳияи Шаҳринав Абдусалом Раҷабов маълум шудааст, ки ӯ дар ду мактаби […]

ASIA-Plus


Дар ҷараёни тафтиши парвандаи ҷиноии марбут ба рабудани кӯдаки 5-сола дар яке аз маҳаллаҳои пойтахт рӯзи 9-уми июн, кормандони милиса фаъолияти як қатор мактабҳои ғайриқонунии диниро ошкор намуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар ҷараёни бозпурсии гумонбар дар дуздии кӯдакон, сокини 48-солаи ноҳияи Шаҳринав Абдусалом Раҷабов маълум шудааст, ки ӯ дар ду мактаби ғайриқонунии динии воқеъ дар ноҳияҳои Шаҳринав ва Ҳисор таълим гирифтааст.

Бино ба иттилои интишоршуда, зимни корҳои фаврӣ-оперативӣ муайян карда мешавад, ки дар ноҳияи Ҳисор, ҷамоати Сомон шаҳрванд Маҳмудов Мансур бо тахаллуси «Шайх-Мансур», соли таваллудаш 1941 ноболиғони зиёдеро ба таълимоти ғайриқонунии динӣ фаро гирифта, онҳоро дар манзили истиқоматии худ, дар шароити ғайрисанитариву ғайригигиенӣ нигоҳ медоштааст, ки ноболиғони мазкур муддатҳои тӯлонӣ, дур аз таълиму тарбия ва дар ҳолати бади рӯҳиву равонӣ қарор доштаанд.

Ҳамчунин тибқи нишондоди ӯ дар ноҳияи Шаҳринав чунин як далел ошкор карда шуда, шаҳрванд Ҳодиев Мубинхон Асадхонович соли таваллудаш 1968, бо тахаллуси «Қорӣ Мубин» боздошт карда мешавад, ки ӯ шаш нафар ноболиғонро дар манзили истиқоматии худ, айнан дар чунин шароитҳои ногувори зикргардида нигоҳ дошта, ба таълимоти ғайриқонунии динӣ фаро гирифтааст.

Ёдрас мекунем, ки дар робита ба ҳодисаи санаи 9-уми июни соли равон бедарак шудани ноболиғ Муҳаммадҷони Абдуҷаббор, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шаҳрванд Абдусалом Раҷабови 48-сола, сокини деҳаи Тоштеппаи ноҳияи Шаҳринав, ки соли 2010 бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст,

дастгир карда шуд.

Ноболиғ Муҳаммадҷони Абдуҷаббор ба волидайнаш баргардонида шуд.

Дар вақти гузаронидани санҷиш маълум карда шуд, ки Абдусалом Раҷабов дар таърихи 08-уми июни соли равон низ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ноболиғон Хусрав Орифҷонови 9-сола, Фаррух Орифҷонови 10-сола ва Фозилҷон Бӯриеви 11-соларо бо баҳонаи чиндани гелосу олу ба бовариашон даромада, ҳамроҳи худ ба ноҳияи Бохтар бурдааст. Худи ҳамон рӯз аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғони мазкур муайян ва дарёфт карда шуданд.

Зимни таҳқиқи ин ҳодиса муайян карда шуд, ки Абдусалом Раҷабов дорои бемории руҳӣ буда, дар беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои руҳӣ бо хулосаи «Маҷзубияти параноиди равандаш бетанаффус» дар қайд мебошад. Ҳолати мазкур мавриди санҷиш қарор дорад.

Маврид ба ёдоварист, ки рӯзи якшанбе 9-уми июн ба ШВКД-2 дар ноҳияи Синои пойтахт сокини шаҳри Душанбе, шаҳрванд Абдуҷабор Тошеви 36-сола муроҷиат намуда, изҳор кардааст, ки рӯзи 09.06.с.2013, тахминан соати 12:30-дақиқа писари ноболиғаш Абдуҷаббор Муҳаммадҷони 5-сола аз хонаи истиқоматиашон баромада,

бедарак гум шудааст.

Қобили зикр аст, ки моҳи марти соли равон низ каме дуртар аз маркази тиҷоратии «Садбарг»-и пойтахт духтарони хурдсол – Малика ва Сабина Араловаҳо низ бе ному нишон гум шуданд. То ҳанӯз аз ҷустуҷӯи онҳо ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.