Боздиди сенаторони Фаронса аз палатаи поёнии парлумон

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров имрӯз ҳайати парлумони Фаронса тахти сарварии раиси Гурӯҳи дӯстӣ бо парлумонҳои кишварҳои Осиёи Маркзӣ Андре Дюлеро ба ҳузур пазируфт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни мулоқот дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва таҳкими он тавассути парлумонҳои Тоҷикистону Фаронса мавриди баррасӣ […]

Аваз Юлдошев


Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров имрӯз ҳайати парлумони Фаронса тахти сарварии раиси Гурӯҳи дӯстӣ бо парлумонҳои кишварҳои Осиёи Маркзӣ Андре Дюлеро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни мулоқот дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва таҳкими он тавассути парлумонҳои Тоҷикистону Фаронса мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

«Зуҳуров қайд кард, ки то имрӯз миёни ҳукуматҳои ҳарду кишвар 12 санади қарордодиву ҳуқуқӣ ба имзо расидаанд, ки ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба равона шудаанд. Зуҳров таъкид намуд, ки имконоти ҳамкории мутақобилаи ду кишвар то ҳанӯз пурра мавриди истифода қарор дода нашудаанд», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли Султонов, дар идома Зуҳуров таваҷҷуҳи меҳмононро ба дурнамои ҳамкориҳо дар бахшҳои истеҳсолоти атриёт, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, сайёҳӣ ва энергетика ҷалб намуд.

«Меҳмонон ба раиси МНМО ҶТ итминон доданд, ки барои рушди муносибатҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон тамоми имконоти мавҷударо истифода бурда, кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.