Зимни сафар ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои азнавсозии роҳи мошингарди Ховалинг-Восеъ ҳусни оғоз бахшид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин роҳи 87-километра ва қитъаи Сайрон-Қарамиқи шоҳроҳи Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-сарҳади Қирғизистон бо харҷи беш аз 89 миллион доллари амрикоӣ мавриди навсозӣ қарор мегирад. Аз ин маблағ 19 миллион доллараш саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70 миллион маблағҳои грантии Бонки осиёии рушд мебошад. Дар доираи ин лоиҳа дар масири Восеъ-Ховалинг 87 км роҳи асосӣ бо 12 пули хурду бузург ва ҳамчунин 30 км роҳҳои маҳаллии деҳот навсозӣ мешаванд.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни сафар ба ин ноҳия Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Маркази дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуд ширкат варзид. Ин муассиса бо кумаки молиявии созмони ҷамъиятии Миссияи Шарқ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо таъсис дода шудааст, омода гардида, барои 120 нафар кӯдакони дорои имконоти маҳдуд пешбинӣ шудааст.
Президенти мамлакат ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи бинои нави филиали бонки саҳҳомии Агроинвестбонк дар ноҳияи Ховалинг, тӯйи арусӣ ва хатнасури дастаҷамъонаи 20 ҷуфти ҷавони навхонадорон ва 70 писарча аз хонаводаҳои ниёзманд низ ҳузур дошт. Ҳамчунин ба 23 нафар кӯдакону наврасон ва ҷавонони донишҷӯй, ки аз падар ва ҳам модар ятим мондаанд, кумаки моддӣ расонда шуд. Аз ҷумла, ба ҳар яки онҳо дафтарчаҳои амонатии Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк ва яктогӣ планшет барои аз худ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ ва кор бурдани он дар рӯзгорашон тақдим карда шуд.
Дар идома бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Шугноби ноҳияи Ховалинг мактаб-интернат барои 320 нафар хонанда бо хобгоҳаш ва хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ҷамоати деҳоти Шугноб, ҳамчунин як нонпазхона, корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш ва корхонаи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд.
Дар анҷоми сафар президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оромгоҳи ҳазрати Султони Увайси Қаранӣ дар ноҳияи Ховалингро зиёрат намуд.

