Зайд Саидов тамоми айбномаҳоро туҳмат хонд

Дар сухани ниҳоии худ Зайд Саидов тамоми айбномаҳои алайҳи ӯ пениҳодшударо туҳмат хонд. Адвокати соҳибкор Шуҳрат Қудратов ба журналистон дар ин робита зикр кард, ки ҳамчунин ӯ аз суд баҳои вокеӣ додан ба ҳолати ҷараёндоштаро дархост намудааст. Сухани ниҳоии Зайд Саидов муддати 2,5 соат тӯл кашид. Пас аз мурофиа писари соҳибкор Хайрулло ба журналистон гуфт, падараш […]

ASIA-Plus


Дар сухани ниҳоии худ Зайд Саидов тамоми айбномаҳои алайҳи ӯ пениҳодшударо туҳмат хонд.

Адвокати соҳибкор Шуҳрат Қудратов ба журналистон дар ин робита зикр кард, ки ҳамчунин ӯ аз суд баҳои вокеӣ додан ба ҳолати ҷараёндоштаро дархост намудааст. Сухани ниҳоии Зайд Саидов муддати 2,5 соат тӯл кашид.

Пас аз мурофиа писари соҳибкор Хайрулло ба журналистон гуфт, падараш дар суд изҳор намудааст, ки: «Агар ҳабсаш ба нафъи давлати мо бошад, пас ба қурбон шудан ба хотири он омода аст».

Дар ҳамин ҳол, писари Саидов ҳамчунин гуфт, агар падари ӯ озод карда шавад, ин обрӯву нуфузи кишварро баланд мебардорад. 

Ба қавли адвокат, чун дар парванда бисёр ҳолатҳои шубҳаовар ҷой доранд, ба гумони ӯ, ба суд барои содир намудани ҳукм на камтар аз як ҳафта вақт лозим аст.

Раёсати мурофиаро судя Шавкат Абдулҳақов ба дӯш дорад. Ин ҳамон судяест, ки мурофиаи парвандаи Маъруф Орифов, мудири кулли шабакаҳои супермаркети «Орима»-ро раисӣ карда буд. Дар мурофиаи зикршуда айбдоркунанда ба М.Олимов ҳукми 4 соли зиндони низоми умумиро дархост намуда буд, вале Ш.Абдулҳаков мудири кулли шабакаҳои супермаркети «Орима»-ро ба 8,5 соли зиндони низомаш шадид бо мусоидари молу мулк маҳкум кард.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 5-уми декабр айбдоркунандаи давлатӣ Абдусамӣ Дадабоев аз суд дархост намуд, ки ба соҳибкор Зайд Саидов

ҳукми 28 соли зиндон

дода шавад. Ҳамчунин прокурор аз суд дархост кард, ки молу мулки соҳибкор мусодира ва муддати 5 соли баъди адои ҷазо ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудани Зайд Саидов манъ карда шавад, яъне вақте ки ӯ ба синни 83-солагӣ по мениҳад.

Мурофиаи судӣ нисбати Зайд Саидов рӯзи 12-уми сентябр оғоз гардида, пушти дарҳои пӯшида дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дорад. Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 2-юми август дар бинои тавқифгоҳи КДАМ ба Зайд Саидов мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора), 247 (Қаллобӣ), 170 (Серзанӣ), 250 (Тамаъҷӯӣ), 314 (Суистифодла аз мансаби хизматӣ), 138 (Таҷовуз ба номус), 141 (Алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) ва 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан)-и КҶ ҶТ айбнома пешниҳод кард.

Қаблан Зайд Саидов чандин маротиба изҳор намуда буд, ки таъқиби ӯ ангезаи сиёсӣ дошта, ба нияти ӯ оид ба таъсиси ҳизби мухолиф марбут аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.