Зимни ибрози андеша оид мавқеи ҳизб нисбати ҷашнгирии Соли нави масеҳӣ муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит изҳор намуд, ки ҳукумат набояд ба он чизе, ки аз ҷониби мардум қабул шудааст, дахолат кунад ва инро комилан манъ кардан ҳам ғайриимкон аст.
«Бале, Соли нав ҷашни масеҳист ва як қисмати мардуми тоҷик, ки замони шӯравӣ зиндагӣ дошту имрӯз аз онҳо дунявӣ ном мебаранд, ин ҷашнро таҷлил мекунад, – мегӯяд ӯ. – Дар Тоҷикистон идҳо хеле зиёданду боз идҳои тоза зам мешаванд ва инро бо ягон дастуре, таъиноте, фармоне ё хоҳиши касе наметавон аз байн бурд. Ҳар кас ба хоҳиши худ ҳуқуқ дорад».
Ба андешаи ӯ, ҳукумат метавонад фармонеро роҳандозӣ намояд, вале мардум низ метавонад ба он итоат накунад. «Агар дар шабакаҳои телевизиони тоҷик чизи дилхоҳро тамошо карда натавонанд, бигзор шщабакаҳои русияро тамошо кунанд. Ҳукуматдорон тибқи фармон расман чизеро манъ карда метавонанд, вале оинаи телевизиони ҳамаро баста намешавад», – иброз дошт Ҳайит.
Муовини раиси ҲНИТ бар ин назар аст, ки ҳукумат ба ҷашнгирии идҳое, ки дарвоқеъ мардумианду аҳолӣ ба он хоҳишу таваҷҷуҳ дорад, набояд дахолат кунад. «Имрӯз агар ҳатто дар барномаҳои телевизионӣ аз арчаи солинавӣ даст кашанд ҳам, ин пеши роҳи мардумро гирифта наметавонад», – мутмаин аст номбурда.
Дар робита ба мавқеи ҳизб оид ба ин масъала, М.Ҳайит зикр кард, ки ҲНИТ ҳеҷ гоҳ алайҳи он садо баланд накардааст ва мухолифи ҷашнгирии он нест.





