Санаи 17-уми декабр дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ: ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарии ҳамгиройии авруосиёӣ» ба кор шурӯъ мекунад. Чорабинии мазкур аз ҷониби Маркази таҳқиқоти геополитикии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бо дастгирии сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон созмон дода мешавад.
Тибқи хабари расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз кумитаи тадорукоти чорабинӣ, дар ҷараёни кори конфронс соҳаҳо ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистону Русия, мушкилоти пешбурди манфиатҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шароити сиёсати ҷаҳонишавӣ баррасӣ мешаванд.
Дар кори ҷаласа ҳамчунин атрофи омилҳои байнулмилалии ҳалкунанда дар минтақа, моделҳои рушди иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар аввали асри XXI, арзёбиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарии ҳамбастагии авруосиёӣ табодули назар сурат хоҳад гирифт.
Гуфта мешавад, ғайр аз ин, баррасии дурнамои геополитикии минтақа дар партави назардошти омили вазъи Афғонистон пас аз соли 2014 низ дар назар аст. Барои иштирок дар кори конфронс ҳудуди 80 нафар даъват шуда, тақрибан 20 нафар маърӯза хоҳанд кард.



