Эҳтимоли аз фаъолият бозмондани нерӯгоҳи «Сангтӯда-2»


Қарзи Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» имрӯз аллакай ба 133 млн. сомонӣ (27,8 млн. $) расидааст.

Аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар баробари нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» раҳбарияти нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» низ аз ширкати «Барқи тоҷик» тақозо намуд, ки қарзро тадриҷан пардохт кунад, вагарна нерӯгоҳ аз низоми ягонаи энергетикии Тоҷикистон ҷудо гардида, фаъолияти худро қатъ мекунад.

Қобили зикр аст, ки ҳанӯз аввали соли 2013 ҳаҷми қарзи ширкати «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» ҳудуди 12 млн. доллари ИМА-ро ташкил медод.

«Ҷониби Эрон ба тартиб додани реҷаи пардохти қарз ва ҳар моҳ дастрас намудани ҳадди ақал 3 млн. сомонӣ маблағ розӣ аст. То ҷое, ки мо огаҳем, дар ширкати «Барқи тоҷик» ин масъала ҳамарӯза баррасӣ мешавад, аммо то ҳанӯз қарори мушаххасе дар ин бора қабул нашудааст», – гуфтанд дар вазорат.

Дар Вазорат эҳтимоли аз фаъолият бозмондани нерӯгоҳи «Сангтӯда-2»-ро рад намуда, зикр карданд, ки агрегати ягонаи иқтидори 110 мегаватти мавриди истифода қарордоштаи нерӯгоҳ бо иқтидори пурра кор накарда, ҳамагӣ 60-70 мегаватт нерӯи барқ истеҳсол мекунад.

«Мо умедворем, ки масъалаи қарзи ширкати «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» роҳи ҳалли худро пайдо намуда, ҷонибҳо сари муайян кардани реҷаи пардохти қарз мувофиқа ҳосил мекунанд ва мо ҳам дар навбати худ ба он мусоидат мекунем», – иброз доштанд дар вазорат.

Саид Асғарӣ, намояндаи ширкати «Сангоб» дар Тоҷикистон, ки ширкати идоракунандаи нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» мебошад, аз шарҳи қазия худдорӣ варзида, изҳор кард, ки бо ин масъала ба ширкати «Барқи тоҷик» муроҷиат кунем. Айни замон хадамоти матбуоти ширкати «Барқи тоҷик» ҷиҳати дастрасии шарҳи масъала дастнорас буда, дар ин ширкат маҷлиси ҳайати мушовара ҷараён дорад.

Сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» 20-уми феврали соли 2006 расман оғоз гардид. Нерӯгоҳи Сангтӯда-2 лоиҳаи муштараки Эрону Тоҷикистон буда, ҳиссаи Тоҷикистон дар он 40 млн. $ ва ҳиссаи Эрон 180 млн. $-ро ташкил медиҳад. Ширкати эронии «Сангоб» паймонкори кулли сохтмони ин нерӯгоҳ мебошад.

Майдони сохтмони нерӯгоҳи барқии Сангтӯда-2 дар 120 километрии ҷанубу шарқи Душанбе воқеъ аст. Даромади 12,5 соли аввали кори он ба ихтиёри Эрон вогузор хоҳад шуд. Пас аз ин нерӯгоҳ пурра ба ихтиёри Тоҷикистон мегузарад. Бо фаъол шудани агрегати дуюми нерӯгоҳ иқтидори он 220 МВт-ро ташкил хоҳад дод.

Қобили зикр аст, ки ахири соли гузашта бинобар сабаби пардохт нашудани қарзи чандинмиллиона (404 млн. сомонӣ)-и ширкати «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-1», ки ба қарздории зиёди нерӯгоҳ аз парохти андоз (52 млн. сомонӣ) боис гардид, раҳбарияти нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» низ изҳор дошта буд, ки

фаъолияти нерӯгоҳро қатъ месозад.

Даҳаи дуюми моҳи декабри соли гузашта директори генералии ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» Павел Лавров ва раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатов

гуфтушунид анҷом дода

, ба мувофиқа расида буданд, ки ҷадвали пардохти қарзи андоз таҳия шуда, нерӯгоҳ онро тадриҷан пардохт мекунад.

Баъди як ҳафтаи ин гуфтушунид директори генералии ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» Павел Лавров ва раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатов

Созишнома дар бораи пардохти қарз

аз андози нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ба буҷети кишварро ба имзо расониданд. 

spot_imgspot_img

Популярное