Номзадии раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ Абдураҳмон Қодирӣ, Давлатшо Гулмаҳмадов ва Шодихон Ҷамшед ба вакилӣ дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешбарӣ шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Абдуманнон Додоев хабар дод, номзадии раисони шаҳрҳои Кӯлобу Турсунзода Абдуғаффор Раҳмонов ва Бобоалӣ Табаров ва ҳамчунин директори генералии ҶСК «НБО Роғун» Хайрулло Сафаров низ ба вакилии палатаи болоии парлумони кишвар пешбарӣ шудааст.
«Имрӯз Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе низ ба вакилии Маҷлиси миллӣ номзади худро пешбарӣ мекунад», – иброз дошт ӯ.
Додоев хотиррасон кард, ки қаблан раисони ноҳияҳои Дарвозу Рӯшони ВМКБ Саидбурҳон Абдураҳмонов ва Худоёр Худоёров ба номзадии вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешбарӣ шуданд.
«Маъракаи пешбарии номзадҳо ба ҷойи аъзои хориҷшудаи палатаи болоии парлумони кишвар имрӯз ба итмом расида, мутобиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, номзадҳои пешбаришуда аз ҷониби комиссияҳои интихоботии ҳавзаҳо расо як моҳ қабл аз баргузории интихобот, яъне то 15-уми январ расман ба қайд гирифта мешаванд», – афзуд номбурда.
Ёдрас мекунем, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки 17-уми декабри соли ҷорӣ баргузор шуд, 9 нафар аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ ба истеъфо рафтанд.
Собиқ раисони вилоятҳои Суғду Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қоҳир Расулзода ва Қодири Қосим ва Хайрулло Асоев бинобар сабаби ба мансабҳои нави давлатӣ таъин шуданашон дар ҳайати ҳукумат ваколатҳои худ дар Маҷлиси миллиро супурданд.
Ҳамчунин собиқ раиси Академияи улуми ҶТ Мамадшо Илолов, собиқ раиси шаҳри Норак Ҳамид Абдуллоев, собиқ раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов, собиқ раиси шаҳри Турсунзода Давлатшо Гулмаҳмадов, собиқ раиси ноҳияи Рӯшон Қобиламо Ғулошоева ва собиқ раиси ноҳияи Дарвоз Шамсмуҳаммад Назриев низ бо хоҳиши худ аз сафҳои палатаи болоии парлумон хориҷ гардиданд.
КМИР Тоҷикистон интихоботи вакилон ба ҷойи аъзои хориҷшудаи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистонро санаи 15-уми феврали соли 2014 таъин кард.



