Кӯшишҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҷиҳати ба созиш расидан



Рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта дар Бишкек таҳти раёсати муовинони нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон Муродалӣ Алимардон ва Токон Мамитов ҷаласаи навбатии комисиияи байниҳукуматиии Қирғизистону Тоҷикистон оид ба таъин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ доир гардид.

Сармушовири хадамоти матбуоти сарвари давлат Субҳиддин Муҳиддинов, ки ҳайати Тоҷикистонро дар ин сафар ҳамроҳӣ дорад, ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масоили амалисозии тавофуқоти ҳосилшуда дар гуфтушуниди рӯзҳои 30-31-уми январ дар Бишкек бобати ба эътидол овардани вазъ дар марзро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои истифодаи роҳҳо ва қитъаҳои замини наздимарзӣ, ҳамчунин мушкилоти марбут ба гузаргоҳҳои назоратӣ дар марз низ матраҳ гардидааанд.

Муҳиддинов иттилоъ дод, ки аз рӯи ҳамаи масоили зикршуда ҷониби Тоҷикистон хулосаҳои мушаххаси худро ба намояндагони кишвари ҳамсоя пешниҳод намуд. «Намояндагони Қирғизистон таъкид доштанд, ки аз рӯи масоили зикршуда ояндаи наздик тариқи роҳҳои дипломатӣ мавқеи худро рӯшан хоҳанд кард», – иброз дошт ӯ.

Номбурда дар идома зикр кард, ки дар бораи акнун аввали моҳи март дар Душанбе баргузор кардани вохӯрии навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон низ тавофуқ ҳосил шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное