Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумон доир гардида, дар он масъалаи ворид намудани тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Қонуни ҶТ «Дар бораи коррупсия» баррасӣ шуд.
Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳо «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии соҳибкорӣ» ва «Дар бораи фаъолияти ратсионализаторӣ» низ баррасӣ шуданд. «Ғайр аз ин, дар ҷаласаи Шӯро масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи гурезаҳо» низ баррасӣ шуд», – иброз дошт Султонов.
Зимнан зикр гардид, ки тамоми масъалаҳои дар ҷаласаи Шӯро баррасишуда ҷиҳати таҳлилу омӯзиши ҷузъӣ ба кумитаву комиссияҳои дахлдори палатаи поёнии парлумон ирсол гардиданд.



