Муовини раиси пойтахт вакили Маҷлиси шаҳрӣ интихоб шуд



Дар маъракаи интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №3 ба ҷойи собиқ вакили хориҷшуда муовини раиси пойтахт Руқия Курбонова вакил интихоб шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз комиссияи интихоботии шаҳрӣ хабар доданд, дар интихобот аз шумори умумии 3 ҳазору 567 интихобкунадагони сабтшуда 3 ҳазору 376 нафар иштирок карда, 96,9%-и раъйдиҳандагон ба ҷонибдории муовини раиси пойтахт овоз додаанд.

«Қурбонова аз ҷониби бахши Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешбарӣ шуда буд», – зикр кард манбаъ.

spot_imgspot_img

Популярное