Коҳиши начандон назарраси тавлиди барқ дар нерӯгоҳи «Сангтӯда-1»

Моҳи январи соли равон дар нерӯгоҳӣ обиву барқии «Сангтӯда-1» дар ҳаҷми 211 млн. 355 ҳазору 676 кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба моҳи январи соли 2013 ба миқдори 6,4 млн. кВт/соат камтар мебошад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» хабар доданд, нерӯгоҳ мутобиқи дастури Хадамоти марказии диспетчерии ШСХК «Барқи тоҷик» […]



Моҳи январи соли равон дар нерӯгоҳӣ обиву барқии «Сангтӯда-1» дар ҳаҷми 211 млн. 355 ҳазору 676 кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба моҳи январи соли 2013 ба миқдори 6,4 млн. кВт/соат камтар мебошад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» хабар доданд, нерӯгоҳ мутобиқи дастури Хадамоти марказии диспетчерии ШСХК «Барқи тоҷик» оид ба миқдори истеҳсоли нерӯи барқ фаъолият намуда, мутаносибан мувофиқи он ҳаҷми зарурии нерӯи барқро истеҳсол мекунад.

«Имрӯз ягона харидори барқи нерӯгоҳ ширкати «Барқи тоҷик» аст, ки дар навбати худ интиқол, тақсим ва фурӯши онро ба истеъмолгарон таъмин месозад», – гуфтанд дар нерӯгоҳ.

Соли 2013 нерӯгоҳи «Сангтӯда-1»  2 010 260 448 кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол кард, ки дар муқоиса бо соли 2012 ба миқдори 131,2 млн. кВт/соат бештар аст. Аз 1-уми январи соли 2014 тарофаҳо ба нерӯи барқи «Сангтӯда-1» 0,02058 доллари ИМА (бидуни назардошти ААИ 18%)-ро ташкил медиҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.