Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон дар робита ба қарори имрӯзаи суди ноҳияи Фирдавсӣ нисбати газетаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина изҳороти расмӣ интишор намуд.
Дар изҳороти сафорат зикр мегардад, ки сафорати ИМА боварии комил дорад, ки қарори имрӯза алайҳи ҳафтаномаи «Азия Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина ба озодии матбуоти Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад.
«Мо боварӣ дорем, ки рӯзноманигорон, ки вазифаи худро бо истифода аз озодии сухан ва баён иҷро мекунанд, шоистаи баландтарин дараҷаи ҳифз бошанд», – баён мегардад дар изҳорот.
Гуфта мешавад, Иёлоти Муттаҳида мунтазам озодии сухан, васоити ахбори омма ва ҳуқуқи хабарнигоронро бо мақсади фаъолияти бидуни тарс, сензура ва таъқиботи сиёсӣ дастгирӣ менамоянд.



