Таъини сафири нави Туркманистон дар Тоҷикистон



Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов сафири нави ин кишвар дар Тоҷикистонро таъин намуд.

Бино ба иттилои васоити ахбори умумии Туркманистон, Аманлиев Ишангули Хоҷамуҳаммедович сафири нави Туркманистон дар Тоҷикистон таъин карда шудааст.

Қобили зикр аст, ки намояндагии дипломатии Туркманистон дар Тоҷикистонро қаблан Чинор Рустамова сарварӣ мекард. Ахири соли гузашта ӯ сафири Туркманистон дар Чин таъин гардид.

spot_imgspot_img

Популярное