Санаи 25-уми феврали соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Раиси ширкати кувайтии «Ал-Хурофӣ» Халифа ал-Хурофиро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо имконоти густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва ҷалби сармояи он кишвар ба Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор доданд.
Ба иттилои манбаъ, худи ҳамон рӯз Сироҷиддин Аслов Роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Казуя Суэтаро ба ҳузур пазируфт.
Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ роҷеъ ба вазъияти кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Зимнан зикр мегардад, ки ҷонибҳо инчунин масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои маориф ва рушди захираҳои башарӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, тандурустӣ, энергетика, обтаъминкунии аҳолӣ ва беҳдошт, рушди бахши хусусӣ ва сайёҳӣ мавриди муҳокима қарор доданд.



