ҲХДТ созмонҳои ҷамъитятиро ба ҳамкорӣ даъват мекунад

Дар Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар мавзӯи «Шеваҳои нави таҳким бахшидани ҳамкориҳои ҲХДТ бо созмонҳои ҷамъиятӣ»бо иштироки Муовини якуми Раиси ҲХДТ С. Сафаров, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ, роҳбарони созмонҳои ғайридавлатӣва ташкилотҳои ҷамъиятӣмизи мудаввар доир гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, ҷамъомадро Муовини якуми […]



Дар Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар мавзӯи «Шеваҳои нави таҳким бахшидани ҳамкориҳои ҲХДТ бо созмонҳои ҷамъиятӣ»бо иштироки Муовини якуми Раиси ҲХДТ С. Сафаров, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ, роҳбарони созмонҳои ғайридавлатӣва ташкилотҳои ҷамъиятӣмизи мудаввар доир гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, ҷамъомадро Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Сафар Сафаров ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла иброз намуд, кияке аз  хусусиятҳои  ҷомеаи демократӣин пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқии шаҳрвандон дар муттаҳидшавӣва таъсиси иттиҳодияҳои ҷамъиятӣмебошад, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба он кафолатҳо дода шудааст. Асосҳои ҳуқуқии ташкилотҳои ғайридавлатӣва мақоми конститутсионии онҳо ҳамчун иттиҳодияҳои ҷамъиятӣдар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардида, ҷиҳати дардоираи гуногунандешии сиёсӣ  ва идеологӣфаъолият намудани онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Ташкилотҳои ғайри давлатӣ яке аз муҳимтарин ҷузъи таркибии ҷомеаи шаҳрвандӣбуда, бо шарофати ваҳдати миллӣва сулҳу суботи ҷомеа дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ, таҳсили ҷавонон, тандурустӣ, экология, баробарии гендерӣ, фарҳанг, маориф, васоити ахбори  омма, амният ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон фаъолияти пурсамари хешро ба роҳ мондаанд.

Президенти кишвар, муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон шеваи ҳамкориҳои сохторҳои давлатӣбо  ниҳодҳои шаҳрвандиро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳукумати кишвар дониста, эътирофи нақши ташкилотҳои ғайридавлатиро дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣпадидаи мусбат арзёбӣнамуда, оид ба тавсеаи рушди амалии ин механизми ҳамкориҳо аз ҷомеа даъват ба амал овардаанд.

Қайд гардид, ки ташкилотҳои ғайридавлатӣдар раванди амали сохтани барномаву лоиҳаҳои ҷамъиятӣширкат намуда, дар истинод ба нерӯю  имконоти хеш дар таҳияи пешниҳодҳо, робита ва  хамкориҳои доимӣбо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳо фаъол гардидаанд.

Дар суханрониҳои худ роҳбарони созмонҳои ҷамъиятӣба роҳбарияти ҳизб миннатдории худро барои ташкили чунин ҳамоиш иброз намуда, вобаста ба тавсеаҳои минбаъдаи ҳамкориҳо пешниҳодҳо ироа намуданд.Дар анҷоми ҳамоиш Муовини якуми Раиси ҲХДТ Сафар Сафаров оид ба иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар танзими таъмини устувории ташкилотҳои ғайридавлатӣва кафолати эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар қайд намуда, роҳбарони ташкилотҳои ғайридавлатиро бамуколамаи доимии  конструктивӣдаъват намуд.

Дар кори ҳамоиш Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти ҶумҳурииТоҷикистон Маҳмадшариф Бобошоев иштирок намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.