Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомидҷон Назаров бо Муовини президенти ширкати «Аэробус» (Airbus) оид ба муносибатҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ Ҷоел Бофф ва Директори савдои «Аэробус» дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Стефан Конколи баргузор гардид.
Бино ба маълумоти депатраменти иттилооти ВКХ ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили барқарор намудани робитаҳо миёни Тоҷикистон ва ширкати «Аэробус»-ро мавриди муҳокима қарор доданд.
Гуфта мешавад, ширкати «Аэробус» ҳавасмандии худро ҷиҳати ҳамкорӣ бо авиатсияи тоҷик изҳор кардааст.



